Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоПаёми Ҷамъияти Афғонистон ба муносибати даргузашти падари устод Кабирӣ

Паёми Ҷамъияти Афғонистон ба муносибати даргузашти падари устод Кабирӣ

“Имрӯз, мутаассифона бо нодида гирифтани маводи мусолиҳаи миллӣ ҷилави ҳама фаъолиятҳои ин ҳизб гирифта шуда, дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя, минҷумла Афғонистон ба ҳайси шоҳиди ин мусолиҳа ҳозир буданд.”

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Ҳайати раҳбарӣ ва мансубини Ҷамъияти ислоҳи иҷтимоии Афғонистон даргузашти волиди мӯҳтарами устод Муҳиддин Кабириро ба раиси Наҳзати Тоҷикистон, хонаводаи мӯҳтарамашон ва миллати мусалмони Тоҷикистон таслият гуфта, аз боргоҳи Аллоҳи мутаъол барои марҳум ҷаннатул-фирдавсро истидъо менамояд ва ба хонаводааш сабру аҷр мехоҳад.

Гуфта мешавад, Тилло Кабиров, ки пас аз мамнуъияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар авохири моҳи сентябри соли 2015, борҳо аз сӯи кормандони амниятӣ боздошт шуда ва мавриди бозҷӯӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Афзун бар падари солманди Муҳиддин Кабирӣ, садҳо зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва амалан дар низоми қазоии ин кишвар имкони адолатхоҳӣ ва исботи бегуноҳӣ вуҷуд надорад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ ба Тилло Кабиров, ки барои дармон қасди рафтан ба хориҷро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи хуруҷ надоданд. Фишор бар падари ин хонавода ба далели фаъолиятҳои сиёсии Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ, то рӯзҳои ахири зиндагиаш идома дошта, ки ин амр ба вазъи ҷисмонии вай таъсири манфӣ гузошта буд.

Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ва то соли гузашта танҳо ҳизби исломии қонунии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ буд. Аз аҳдофи ин ҳизб пайравӣ аз Ислом, расидан ба татбиқи қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Ҳизби наҳзати исломии ҳудуди 3 даҳа ба шакли зерзаминӣ фаъолият дошт ва дар соли 1991 дар остонаи фурупошии Шуравӣ ошкоро ва ба таври қонунӣ иҷозаи фаъолият ёфт, вале 2 сол баъд, яъне дар соли 1993 Додгоҳи олии ин кишвар фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро мамнуъ эълон кард.

Пас аз мусолиҳаи миллӣ миёни давлат ва мухолифони тоҷик дар соли 1997, ин ҳизб бори дигар ба таври расмӣ шуруъ ба кор кард ва дар кутоҳмуддат ба ҳизбе муҳим ва таъсиргузор дар ин кишвар табдил шуд. Имрӯз, мутаассифона бо нодида гирифтани маводи мусолиҳаи миллӣ ҷилави ҳама фаъолиятҳои ин ҳизб гирифта шуда, дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя, минҷумла Афғонистон ба ҳайси шоҳиди ин мусолиҳа ҳозир буданд. Интизор меравад, то кишварҳои миёнҷӣ ва кафили сулҳ бар кишвари Тоҷикистон фишор ворид созанд, то ба маводи мувофиқатномаи мусолиҳаи миллӣ пойбанд шуда, ҳуқуқи асосӣ, ки дарҷи он ҳаст, риоят гардад.

24.10.2016

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика