Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруф дар саҳифаи фейсбукиаш ҳукми охирини додгоҳ нисбати Бузургмеҳр Ёровро ба чолиш кашидааст. Ӯ баъди омӯхтани маводҳои мурофиаи Ёров ба ин натиҷа расидааст, ки ҳукм комилан хилофи қонун аст.
Нахуст Файзинисо Воҳидова чанд суол гузоштааст:
“Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро судя суд кард, ё ҷабрдида? Чаро ба ин ду нафар 23 ва 21 соли маҳрумӣ аз озодиро муносиб диданд? Ин амри кӣ буд? Судя е ҷабрдида? Шумо ягон маротиба шунида ва ё дида будед, ки хукми шахсро ҷабрдида барорад, на ин ки козии парванда?”
Сипас ин ҳуқуқшиноси шинохта навиштааст: “Дирӯз бисере аз маводҳои марбут ба мурофиаи ин ду нафар ҳамкасбам, қурбониёни давру замонро мутоила кардам. Бароям як чизи ниҳоят аҷоибро дарёфтам. Хоҳари Бузургмеҳр Ёров — Хосият Ёрова дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки бародараш санаи 29- сентябр дар додгоҳ сухани охирини худро кироат кард ва баъди ин нисбати ӯ дар асоси аризаи қозии парванда ва айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки санаи 29.09.16 сол аз суханони судшаванда прокурор ва қозии парванда худро таҳқиршуда дониста, ба прокуратураи генералӣ бо ариза муроҷиат карданд.”
Воҳидова ин усули шикоят ва баррасиву судури ҳукмро ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ медонад: “Аслан чунин категорияи парвандаи ҷиноятӣ, яъне таҳқири намояндаи ҳукумат ва ё шахси мансабдор танҳо дар асоси аризаи ҷабрдида боз карда мешавад. Акнун худ қазоват кунед, ки қозии парванда аз рӯи парвандаи навоғозшуда нисбати Ёров ҷабрдида эътироф шуда, ҷабрдида барои муайян кардани гунаҳгорӣ ва ё бегуноҳии Ёрову Маҳкамов ба хонаи машваратӣ рафт. Дар хонаи машварати суд дар як вақт тақдири инсонро ҳал мекунад. Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, ки судя зимни қабули санади судӣ бояд беғараз бошад. Ҳукми суд ҳамон вақт қонунӣ ва асоснок ҳисобида мешавад, ки он дар асоси қонун ва далелҳои муҳокимашудаи бебаҳс қабул шуда бошад. Ҳукм дар асоси далел ва ҳолатхои шубҳанок қабул карда намешавад. Ҳукми суд бояд одилона бошад. Акнун бигӯед, ки қозии парванда, ки қабл аз ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳим худаш нисбат ба Ёров ҷабрдида буд, худро таҳқиршуда эътироф мекард, беғараз набуд, имконияти қабули ҳукми одилонаро дошт? Ӯ одил, беғараз буда метавонист? Вазъи равонии ӯ ҳадди ақал имконият намедод, ки нисбат ба судшавандаҳо беғаразу одил бошад. Агар қозӣ ҷонибдори таъмини адолати судӣ мешуд, дар чунин ҳолат аз баррасии минбаъдаи парванда даст мекашиду худдуркунӣ изҳор мекард.”
Хонум Воҳидова дар охир менависад: “Ин буд як таҳлили кӯтоҳи ҳукми тақдирсӯзи додгоҳи тоҷик барои вакили дифоъ, ки аз болои ҳукм шикоятӣ касатсионӣ овардааст. Агар то ҳол қонун барои худи қозиҳо аҳамияте дорад, пас ин ҳолат асос барои бекор кардани ҳукми суд ба тариқи касатсионӣ мебошад.”