Метт Биссоннетт собик узви дастаи зудамали ИМА бо номи “Морской котик” ё “Гурбаи баҳрӣ” водор шудааст, ки ба мақомоти Амрико 6,6 миллион доллар ҷарима супорад.
Бунгоҳи хабарии Ассосиейшид Пресс навиштааст, Биссоннетт ба он муттаҳам мешавад, ки асрори мамнӯи давлати худро бо навиштани китобе дар бораи пешвои созмони тундгарои “Ал қоида” Уссома бинни Лодан расонаӣ кардааст. Вай китоби “Рӯзи душвор”-ро таълиф намуда, ҳақиқати воқеотеро ошкор кардааст, ки чи тавр ӯ бо ҳамроҳии ҳамтоёни худ аз гурӯҳи маъруфи зудамали “Гурбаи баҳрӣ” ё “Морской котик” дар яке аз мавзеъҳои Покистон раҳбари “Ал қоида” Уссомаро ба даст оварданд ва пас аз ваҳшиёна ба қатл расондан ҷасади ӯро нобуд сохтанд, то ба маҳалли зиёрати тарафдоронаш мубаддал нагардад.
Метт Биссоннетт бо тахаллуси Мару Оуен китоби худро аз нашр бароварда, назар ба маълумотҳо 6,6 миллион доллар даромад дидааст, ки ҳамакнун мақомоти ИМА дархост доранд, ҳамин миқдор маблағро ба хазинаи давлат ба сифати ҷарима интиқол диҳад. Муаллиф 6,6 миллион доллари ҷаримаро муддати чаҳор сол хоҳад супорид. Гуфта мешавад, ки Биссоннетт пеш аз интишори китоби хотироти худ аз ҷараёни боздошти Уссома бинни Лодан ниҳодҳои қудратии ҳукумати кишвари худро дар ҷараён нагузоштааст ва иҷозатномаи онҳоро дар робита ба ин воқеа, ки таҳти мӯҳри махфӣ қарор дорад, нагирифтааст.
Ёдовар мегардем, ки Уссома бинни Лодан, раҳбари овозадори созмони “Ал қоида” мебошад ки дар ҳамалоти даҳшатафканонаи бурҷҳои дуқулуи маркзи тиҷори шаҳри Ню-йорк мутаҳам мебошад ,ва аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони даҳшатофарин эътироф гаштааст ,номбурда соли 2011 дар каронаҳои шаҳри Абботободи Покистон аз ҷониби низомиёни махсуси Амрико дар хонааш ба қатл расонда шуд ва дар ҳолати хеле махфӣ ҷасади ӯро дар яке аз баҳрҳо нобуд сохтанд.