Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳо15 мактаби Кӯлоб ду моҳ боз маош нагирифтаанд

15 мактаби Кӯлоб ду моҳ боз маош нагирифтаанд

Хабаргузории “Озодагон” дар такя ба гуфтаҳои Рустам Иззатов, директори мактаби №36-и ҷамоати Зираки ноҳияи Кӯлоб иттилоъ додааст, ки омӯзгорони 15 дабистони ноҳияи Кӯлоб ду моҳ аст, маоши худро нагирифтаанд.
Ин дар ҳоле садо додааст, ки як гурӯҳ омӯзгорони мактаби №36-и ҷамоати Зираки ноҳияи Кӯлоб шикоят намудаанд, ки тайи ду моҳи охир бидуни маош кор мекунанд ва аз хазинаи ҳукумат тангаи зарде дарёфт накардаанд. Онҳо бо нигаронӣ гуфтаанд, ки зиндагии аксари муаллимон ба маоши мегирифтаашон вобаста аст ва ҳамин ягона воситаи даромад аст, ки онҳо ба навъе чархаи зиндагии худро гардон намоянд. Омӯзгорони ин мактаб иддао доранд, ки аз мағозаҳои атроф то гирифтани маоши навбатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи худро ба қарз мегиранд ва ҳоло мағозаҳо низ моли худро ба онҳо ба қарз намедиҳанд. Ин аст, ки рӯзгори бархе аз онҳо печидатар гашта, маҷбур шудаанд, садо баланд намоянд ва мақомдоронро ҳушдор диҳанд, ки ҳаққи заҳмати онҳоро сари вақт бипардозанд.
Аз шӯъбаи молияи ноҳияи Кӯлоб дар робита ба ин қазия гуфтаанд, ки ба дер пардохта шудани маоши омӯзгорон муҳосибони худи мактабҳо айбдоранд. Чун онҳо ҳисобу китобро дар вақташ ба амал оварда, дар ин бора ба шӯъбаи молия пешниҳод намесозанд ва молия низ маблағи заруриро ба ҳисоби мактабҳо дар вақташ гузаронида наметавонад. Ин аст, ки дар байн ба пардохти маоши омӯзгорон фосила ба амал меояд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони макотиб мегӯянд, ин иддаои шӯъбаи молияи ноҳияи Кӯлоб ба ҷуз аз худсафедкунӣ чизе бештар нест ва ҳамон муассисаҳое, ки дар вақташ “гулӯи онҳоро равған мекунанд”, маблағро аз аввалинҳо шуда дарёфт мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, чун фасод ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар сохтори маорифро низ фаро гирифтааст, чашми тамаъи мақомдорони хурду бузурги ин соҳа ба маоши ночизи омӯзгор дӯхта шудаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика