Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНилуфар Раҷабоваро бо модараш ба додситонӣ бурданд

Нилуфар Раҷабоваро бо модараш ба додситонӣ бурданд

Субҳи имрӯз ду нафар кормнадони мақомоти тафтишотӣ ба хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб омада, Нилуфар Раҷабова ва модараш Валамат Иброҳимзодаро ба додситонӣ бурдаанд. Яке аз онҳо худро додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва дигарӣ корманди Додситонии кулл муаррифӣ кардааст. 

Ба гуфтаи Шӯҳрати Раҳматулло, бародари Нилуфар, ки ин хабарро ба Паём расонд, муносибати ин ду намояндаи мақомот бо хонаводаи Раҷабовҳо хуб будаааст. Онҳо гуфтаанд мехоҳанд модару духтарро бо подполковники ҷинояткор Истамзода Машраф Истамӣ рӯбарӯ кунанд. 

Ду корманде, ки ба хонаи Раҷабовҳо омадаанд, худро корманди додгоҳи ноҳияи Сино Ҷамшед Ҷалолов ва корманди Додситонии кулл Шаҳриёр Қурбонзода муаррифӣ кардаанд. 

Гуфтанист, рӯзи шанбе, 14 декабр Нилуфар Раҷабова ҳамроҳ бо даҳҳо зани дигар аз тарафи намояндагони чанд мақомоти давлатӣ боздошт шуда ба ШВКД Сино-2 бурда шуд. Муовини сардори ин шӯъба Истамзода Машраф Истамӣ баъди фаҳмидани он ки Нилуфар хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб аст, ӯро таҳқир, латукӯб ва таҳдид ба таҷовуз кард.  

Ин хабар бозтоби густардае дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайритоҷикӣ дошт ва то ҳоло дорад бо шиддат дар расонаҳои ҷаҳон паҳн мешавад. Ҳамчунин ин ҷинояти подполковники милиса ба вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шуд. Ҳазорҳо нафар ВКД-ро бо шиддат маҳкум карда, талаб доранд, ки Истамзода ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. 

Нилуфар Раҷабова дирӯз ба Вазорати корҳои дохилӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиъат кард. Дар вазорат аризаи ӯро қабул карданд, аммо аз имзо гузоштан дар нусхаи дардасташбуда худдорӣ кардаанд. ВКД эълон кард, ки ба тафтиши қазия шурӯъ кардааст. 

Таҷрибаҳо ниҳон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон кормандон мақомоти интизомиву тафтишотӣ ё иҷроия вақте ҷиноят карданд, на танҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, балки ба вазифаи болотар мераванд. Аммо ҷинояти Истамзода на танҳо тоҷикон, балки ҷомеъаи ҷаҳониро низ ба хашм овардааст ва умед меравад, ки ин ҷинояткор аз ҷавобгарӣ озод намегардад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular