Saturday, September 19, 2026
Место для Реклама!
HomeТоҷикистонИсломҷон Саидов роҳбари нави НИТ интихоб шуд

Исломҷон Саидов роҳбари нави НИТ интихоб шуд

Исломҷон Саидов роҳбари нави Наҳзати Исломии Тоҷикистон (НИТ) интихоб гардид. Интихобот рӯзи 19 сентябр дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор шуд.

Дар интихобот се номзад — Абубакр Нурӣ (Абубакр Саидов), Абдулқодир Шейхов ва Исломҷон Саидов — барои роҳбарии НИТ рақобат карданд.

Бар асоси натиҷаи эълоншуда, Саидов 64 дарсади овозҳо-ро ба даст оварда, аз ҷониби комиссияи интихоботӣ пирӯз эълон шуд.

Дар раъйдиҳӣ ҳамаи 25 узви Раёсати олии НИТ иштирок кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти НИТ, 20 нафар ҳузурӣ овоз дода, як нафар раъйи худро тавассути номаи имзошуда ва чаҳор узви дигар ба таври онлайн овоз додаанд.

Раванди интихоботро ҳайати Шӯрои назорати НИТ назорат кардааст. Додоҷон Ёқубов, яке аз собиқадорони ҳаракати наҳзати исломӣ, низ ба ҳайси нозир дар интихобот ҳузур доштааст.

Аз муовини аввал то роҳбари НИТ

Исломҷон Саидов пеш аз интихоб шудан ба раҳбарии НИТ яке аз чеҳраҳои калидии роҳбарияти он буд ва мақоми муовини аввали роҳбари НИТ-ро бар уҳда дошт.

Акнун бо интихоби ӯ роҳбарии НИТ ба насли дигари раҳбарӣ мегузарад. Ин тағйир метавонад барои фаъолияти минбаъдаи созмон дар хориҷ аз Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дошта бошад.

Дар солҳои охир НИТ асосан аз хориҷи Тоҷикистон фаъолият карда, бо дигар гурӯҳҳои мухолифи тоҷик дар Аврупо ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсӣ доштааст.

Пас аз давраи Кабирӣ

Интихоби Саидов ҳамчунин поёни як марҳалаи муҳим дар роҳбарии НИТ ба шумор меравад. Дар солҳои гузашта номи Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбарии НИТ сахт пайваста буд.

Кабирӣ солҳои зиёд раҳбарии ҳизбро ба уҳда дошт ва дар хориҷ аз Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои асосии мухолифини сиёсии кишвар ба ҳисоб мерафт.

Ҳоло, бо интихоби Исломҷон Саидов, таваҷҷуҳ ба он равона хоҳад шуд, ки роҳбарияти нав фаъолияти НИТ-ро ба кадом самт мебарад ва муносибати он бо дигар нерӯҳои сиёсии тоҷик дар хориҷ чӣ гуна идома хоҳад ёфт.

Роҳбари нав бо чӣ рӯбарӯ мешавад?

Саидов дар шароите роҳбарии НИТ-ро ба даст мегирад, ки созмон дар солҳои охир бо баҳсҳои дохилӣ ва тағйирот дар ҳайати худ рӯбарӯ шудааст.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳими пешорӯи роҳбари нав нигоҳ доштани ҳамбастагии дохилии созмон ва муайян кардани стратегияи минбаъдаи он хоҳад буд.

Ҳамчунин барои НИТ муҳим хоҳад буд, ки роҳбарияти нав чӣ гуна фаъолияти сиёсии худро дар хориҷ идома медиҳад ва то чӣ андоза метавонад ҳамкориҳоро бо дигар гурӯҳҳои сиёсии мухолифи Тоҷикистон густариш диҳад.

Бо вуҷуди ин, дар бораи барномаи роҳбари нави НИТ ва нақшаҳои мушаххаси ӯ то ҳол маълумоти муфассал нашр нашудааст.

Интихоби Исломҷон Саидов акнун марҳалаи нави фаъолияти НИТ-ро оғоз мекунад. Самти ин марҳала ва тағйироти эҳтимолӣ дар фаъолияти созмон эҳтимолан дар моҳҳо ва солҳои оянда равшантар хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular