Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚоҳира ва Бухоро пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020

Қоҳира ва Бухоро пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020

OISSKU, Қоҳира ва Бухороро ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 муаррифӣ кард. 

Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (OISSKU) дар барномаи ихтитомияи “Тунис, пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом 2019”, Қоҳира ва Бухороро ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 муаррифӣ кард. 

Солим ибни Муҳаммад Ал-Молик, раиси Созмони OISSKU дар ин маросим изҳор дошт: ҳадафи мо аз ин барнома ҳимоят аз тавсеаи фарҳангии кишварҳои ислом аст. 

Вай бо баёни ин ки Тунис ба далели пешинаи таърихӣ ва решаҳои амиқи исломӣ ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2019 интихоб шуда буд, гуфт: Хонаи Ибни Халдун дар Тунис, ки фаъолиятҳои бузурге дар заминаи фарҳанг ва улуми исломӣ анҷом додаастро таъмир хоҳем кард. 

Муҳаммад Зайнулобиддин, вазири фарҳанги Тунис низ бар аҳамияти тавсеаи сиёсатҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом таъкид кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular