Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоЯк бонки Австролиё ба ходимаҳои худ пӯшидани ҳиҷоби мусалмониро иҷозат дод

Як бонки Австролиё ба ходимаҳои худ пӯшидани ҳиҷоби мусалмониро иҷозат дод

Як бонки бузурги Астролиё тарҳеро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он тамоми занони хоҳишманди дар ин муассиса машғули кор ҳиҷоби мусалмонӣ бипӯшанд.

Ин бонк тасмим гирифтааст, ки намунаи ҳиҷоби як моделери итолиёвиро, ки гузаштагонаш аз Австролиё будааст ва Карл Зампатти ном дорад, истифода намояд.

Карла Зимпатти

Ин моделер 74 сола аст ва ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз ин баъд мардуми ҷаҳон бояд дар омезиши тамаддуни ҳамдигар бикӯшанд ва саноати мӯд низ дар оянда нишонаҳои либоси мусалмониро дар худ таҷассум хоҳад намуд. Вай афзудааст, ки дар байни мутахассисони мӯд, ки ҳамкорӣ дорад, намояндагони тамоми миллатҳо ва динҳо мавҷуданд.
Гуфта мешавад, бонки авсролиёгии Westpac Зампатиро барои офаридани анвои либосҳои ходимони бонки худ масъул намуд ва таъкид сохтааст, ки тамоми либоси кормандон, аз ҷуроб сар карда, то ҳиҷобро ба шакли нав эҷод намояд. Ин либосҳоро сар аз апрели соли оянда 8000 нафар корманди бонки Westpac ба бар мекунанд, ки дар 680 адад шӯъбаи ин ниҳоди молиявӣ кору фаъолият доранд.

 

Ҳоло намоиши ин либосҳо дар Сиднеи Итолиё баргузор гардидааст ва як нафар хонум бо исми Манижа Акбарӣ ҳиҷоби мусалмонӣ дар тан рӯи саҳна омада, пас гуфтааст, ки

“ин либос хеле зебост ва пӯшидани он ба кас нерӯи тозае мебахшад, инчунин хеле сабук ва истифодааш осон аст”


Аз ин пеш дар Австролиё Optus и Commonwealth Bank ба ходимаҳои худ пӯшидани ҳиҷобро талқин намуда буд ва ин дар ҳолест, ки дар аксари мамолики ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон алайҳи либосҳои мусалмонӣ ҷанг эълом намудаанд, аммо гуфта мешавад, дар ин кишвар таваҷҷӯҳ ба мусалмонону либоси онҳо рӯз аз рӯз меафзояд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика