Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва собиқ узви Фронти халқӣ, ки барои барқарории ҳукумати шӯравӣ мубориза мебурд, “Асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон шуд. Ин ин тағйир ба қонун имрӯз, 26 декабр дар Маҷлиси намояндагон қабул гардид.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки қонун дар бораи “Пешвои Миллат” моҳи декбри соли гузашта қабул карда шуда буд, аммо таҳрири нави он имрӯз 26 уми октябри соли равон дигарбора баррасӣ ва пазируфта шуд. Ин қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” ном дорад ва аз 19 модда ва сарсухан иборат аст.
Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров он ҳуқуқҳое, ки барои президент Конститутсияи кишвар пешбинӣ кардааст, дар таҳрири нави қонуни мазкур илова ва билохира қабул карда шуданд. Вай афзудааст, ин иловаҳо ба вазъи ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини бехатарӣ ва соири паҳлӯҳои фаъолияти “Пешвои Миллат” дахл доранд.
Вакили Маҷлиси намояндагон- Эмомалӣ Насриддинзода ҳини муаррифии қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” гуфтааст, ки тибқи тағйироти ҷадид дар қонуни мазкур Эмомали Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон гардид ва ба ӯ як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Аз ҷумла барои “Пешвои Миллат” дар порлумон як мақоми ифтихорӣ муайян гардидааст. Президент дар сурати аз мансаб рафтан низ бемалол дар маҷолис иштирок мекунад ва аз иммунитети намояндагони мардумӣ бархурхор хоҳад монд. Гуфта мешавад, дар тарҳи нави қонун таъсиси Фонди Пешвои Миллат низ дохил гаштааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле “Асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон гардид, ки авоили солҳои 90-уми асри гузашта дар ҳайати Фронти халқӣ барои барқарорсозии Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ, яъне алайҳи истиқлолияти Тоҷикистон меҷангид.
Ӯ замоне раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, яъне роҳбари аввали кишвар баргузида шуд, ки аз эълони истиқлоли Тоҷикистон беш аз як солу ду моҳ гузашта буд.
Қарори истиқлолияти Тоҷикистонро раиси вақти Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов 9-уми сентябри соли 1991 имзо кард, ки дар натиҷа аз тарафи Фронти халқӣ барои ҳамин имзояш бо шиканҷа кушта шуд.