Нерӯҳои артиши Сурия дар идомаи пешравиҳои рӯзҳои гузашта ва бозпасгирии бахшҳое аз манотиқи таҳти контроли шӯришиён дар устони Идлиб, рӯзи душанбе як пости дидбонии низомиёни Туркия дар ин устонро ба муҳосираи худ дароварданд.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ниҳоди ғайридавлатӣ, ки ба воситаи манобеъи мутааддиди маҳаллӣ, таҳаввулоти Сурияро расад мекунад, зимни таъйиди ин хабар эълом кард: Нерӯҳои давлатӣ пас аз ба даст гирифтани контроли шаҳрҳо ва рустоҳои воқеъ дар наздикии шаҳри калидии Маъра Нӯъмон дар ҷанубушарқи устони Идлиб пости дидбонии нерӯҳои турк дар минтақаи Ал-Сарамонро муҳосира карданд.”
Тибқи тавофуқи сентябри соли гузашта миёни Туркия ва Маскав, ки барои поён додан ба танишҳои низомӣ дар устони Идиб ва ҷилавгирӣ аз ҳамалоти нерӯҳои давлатӣ ба ин минтақа ҳосил шуд, нерӯҳои артиши Туркия маъмурият ёфтанд то дар дувоздаҳ пости дидбонии мухталиф дар саросари устони Идлиб мустақар шаванд.
Дар ин тавофуқ эҷоди як минтақаи “коҳиши таниш” ба арзи 15 то 20 километр пешбинӣ шуда буд то аз ин тариқ аз рӯёрӯии мустақими нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар устони Идлиб ва манотиқи ҳамҷавор дар устони Ҳалаб пешгирӣ шавад.
Бастани ин тавофуқ ва иҷрои он сабаб шуд то ба тарзи қобили мулоҳизае аз шиддати танишҳо ва даргириҳо дар ин минтақа коста шавад. Устони Идлиб, ки аз он ба унвони охирин пойгоҳи неруҳои шӯришӣ ном мебаранд таҳти контроли Ҳайати Таҳрири Шом аст, ки бархе аъзои он пеш дар гурӯҳи Ал-қоиъда узвият доштанд.
Тавофуқи Анқара ва Масков бар сари даргириҳо дар Идлиб аммо пас аз муддате бо ҳамалоти густурдаи нерӯҳои артиши Сурия ба ин устон тайи авохири моҳи апрел то поёни моҳи август нодида гирифта шуд. Димишқ ба баҳонаи бозгашти нерӯҳои ҷиҳодӣ ба ин минтақа ҳамалоти худро дар Идлиб ва манотиқи атрофи он аз сар гирифт. Ин ҳамалот ба изъони дидабони ҳуқуқи башари Сурия дасти кам як ҳазор кушта барҷой гузошт ва ҳамчунин 400 ҳазор нафар аз сокинони минтақаро аз хона ва кошонаи худ овора кард.
Пас аз ин ҳамалот тавофуқи оташбаси дигаре дар поёни моҳи август аз сӯи Маскав эълом шуд, ки ин тавофуқ низ бо ташдиди ҳамалоти ҳавоии артиши Сурия нодида гирифта шуд. Бар асоси гузориши манобеъи матлаъ дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоии артиши Сурия аз замони эъломи тавофуқи оташбас дар моҳи август то кунун дасти кам 280 ғайринизомӣ дар устони Идлиб ҷон бохтаанд.
Димишқ бо оташбаси “машрут” дар Идлиб пас аз се моҳи ҳамалоти пай дар пай мувофиқат кард
Аз саргирии ҳамалоти артиши Русия ва Сурия ба Идлиб
Нерӯҳои артиши Сурия аз рӯзи панҷшанбе ба пешравии худ дар бахшҳое аз устони Идлиб идома доданд ва контроли даҳҳо шаҳр ва русторо дар даст гирифтанд. Пости дидабонии нерӯҳои Туркия, ки таҳти муҳосираи артиши Сурия даромада низ дар манотиқе воқеъ шуда, ки ба тозагӣ таҳти контроли нерӯҳои давлатӣ даромадаанд.
Туркия моҳи октябр барои ақиб рондани шибҳинизомиёни курд аз манотиқи марзии худ ба шимоли Сурия ҳамла кард ва ҳам акнун дар ин минтақа низ ҳузури низомии пурранге дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

