Ҳудуди ним соат қабл (12.30 бо вақти Душанбе) баъди кофтукоби манзили Муҳаммадалӣ Ҳаит, писари ӯ Фирӯз бо модараш Савринисо Ҷӯрабекова боздошт ва ба макони номаълум бурда шуданд.
Фирӯзро, ки дар кӯча будааст, чанд корманди мақомоти қудратӣ хостаанд боздошт намуда ба мошин нишонанд, вале ӯ фирор карда ба хонаашон даромадааст.
Баъдан кормандони мақомоти қудратӣ ба хонаи онҳо даромада, онҷоро кофтукоб кардаанд. Баъди кофтукоб Фирӯз ва модарашро боздошт намудаанд. Бо иттилои ҳамсояҳо шаш нафар бо либоси мулкӣ омада, дарро он қадар сахт кӯфтаанд, ки наздик будааст шиканад.
Як ҳафтаи охир номи Муҳаммадалӣ Ҳаит бинобар шиканҷа шуданаш дар боздоштгоҳ расонаӣ шудааст. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд.
Бо гумони ғолиб ҳамсару писари Муҳаммадалӣ Ҳаит барои гирифтани баёнот алайҳи ҲНИТ ва беасос нишон додани хабарҳои шиканҷаи Муҳаммадалӣ Ҳаит боздошт шудаанд.
Аз хонандагони азиз хоҳиш менамоем ҳар маълумоте дар ин бора доранд, лутфан ба мо ирсол намоянд.