Ширкати “Барқи тоҷик” сабабаи болоравии қимати барқ дар кишварро, ки сар аз 1-уми ноябр 16,5 дарсад боло хоҳад рафт, шарҳ додааст.
Қаблан иттило дода будем, ки тибқи фармони ҳукумати Тоқикитсон, нархи барқ дар Тоҷикистон аз 12,6 дирҳами ҳозира ба 14,65 дирҳам боло хоҳад рафт. Аввал ин хабар аз мардум ба расонаҳо расид, ки ширктаи “Барқи тоҷик” аз он изҳори беиттилоӣ кард, аммо сипас қарори ҳукумат дар ин масъала расонаӣ шуд.
Қимати барқ барои тамоми истифодабарандагони он ба ҷузъ ширкати истеҳсоли алюминии ТАлКо боло бурда шудааст.
“Барқи тоҷик” гуфтааст, ки қимати имрӯзаи барқ ҳамаи хароҷоти барқчиёни тоҷикро намепӯшонад. Зиёдшавии талаботи мардум ба барқ ва дар ҳамин ҳол дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани системаи барқии кишвар, андоз аз истифодаи об, болобарии қудрати истеҳсолӣ, ки барои солҳои 2012-2020 қабул шудаанд, таъмири нерӯгоҳҳои барқӣ ва ғайра хароҷоте будаанд, ки ин ширкат дар шарҳи болобарии қимати барқ мисол овардааст.
Ҳамчунин ин ширкат иддаъо кардааст, ки паст будани қимати барқ ба ҷалби маблағгузорони хориҷӣ монеъа эҷод мекунад. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфтааст, ки барқ дар Тоҷикистон ба маротиб аз кишварҳои дигарӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил арзонтар аст.
Бори охир қимати барқ дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 боло бурда шуда буд.