Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧину Амрико ба зудӣ тавофуқи тиҷориро имзо мекунанд

Чину Амрико ба зудӣ тавофуқи тиҷориро имзо мекунанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки ба зудӣ тайи маросиме бо ҳузури Си Чин Пинг ҳамтои чинии худ, асноди марбут ба иҷрои “фози аввал тавофуқномаи тиҷории Пекин-Вашингтон” ро имзо хоҳад кард. 

Оқои Трамп назди хабарнигорон эълом кард: “Қасд дорем ин кор ҳарчи сареътар анҷом шавад зеро хоҳони иҷрои ин тавофуқ ҳастем. Тавофуқоти лозим анҷом шуда ва акнун дар ҳоли тарҷумаи (матни тавофуқ) ҳастанд.” 

Хабари муваффақияти Пекин ва Вашингтон дар расидан ба тавофуқе барои ҳалу фасли ихтилофоти тиҷории худ, аввалин бор 13 декабр мунташир шуд ва дар он замон Роберт Лайтитсер, намояндаи тиҷории Иёлоти муттаҳида аз эҳтимоли имзои “фози аввал” ин тавофуқи тиҷорӣ дар ҳафтаи аввали январ хабар дода буд. 

Интишори ин хабар ва ба думболи он тасмими Доналд Трамп барои таваққуфи аъмоли таърифаҳои ҷадиде, ки қарор буд аз 15 декабр иҷроӣ шаванд, боиси афзоиши арзиши саҳоми Иёлоти муттаҳида дар бозорҳои молӣ шуд. 

Амрико ҳамчунин эълом кардааст, ки бар асоси тавофуқоти ҳосила, чунончи Чин гоме дар роҳи нақзи он бардорад, Амрико метавонад ҳамаи таърифаҳои лағв шударо дубора бар колоҳои чинӣ таҳмил кунад. 

Чин ҳанӯз ба суханони мақомоти Амрико дар бораи ин тавофуқ, ба вижа бахшҳое аз тавофуқ, ки то кунун тавассути Иёлоти муттаҳида мунташир шуда, вокунише нишон надодааст. Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин ҳафтаи гузашта гуфт, ки интишори ҳар гуна ҷузъиёт дар бораи ин тавофуқ ба пас аз имзои он гузошта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular