Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 октябр бо раҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, яке аз масоили баррасишуда масъалаи буҷаи кишвар барои соли 2017 буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раисҷумҳур буҷаи соли ояндаи кишвар 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ муайян шуда, аз буҷаи соли гузашта 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ бештар будааст. Аммо ин 1 миллиарду 718 миллион сомониро дафтари матбуотӣ, ё нафаре, ки онро эълон кардааст аз куҷо ёфтааст, маълум нест. Чунки буҷаи соли ҷорӣ 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ буд ва фарқи байни ин ду рақам 1 миллиарду 262 миллиону 600 ҳазор мешавад.
Ё дафтари матбуотии Раисҷумҳур ва ё Вазорати молия (ҳоло маълум нест, ки кадоме аз онҳо ин рақамро баровардааст) хостаанд бо қариб ним миллиард сомонӣ дурӯғ гуфтан, мардумро гӯл зананд, ки буҷаи кишвар меафзояд? Вале дар ҳоле ҳам ки буҷа гӯё афзоиш ёфтааст, дар асл он нисбат ба соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Соли гузашта, замоне, ки ҳукумати кишвар тарҳи буҷаро баррасӣ мекард баробар 2 миллиарду 770 миллион доллари ИМА буд. Имрӯз бошад 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 484 миллион доллар баробар аст. Яъне бо ҳисоби доллар буҷаи кишвар 286 миллион доллар камтар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди қарзҳои зиёди хориҷӣ, дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷаи кишвар ба 300 миллион сомонӣ камомад мувоҷеҳ шуд, ки то охири сол ин рақам метавонад 400 миллион сомонӣ ё бешатр аз онро ташкил диҳад.
Соли гузашта ҳам, ҳарчанд ҳукумат аз афзоиши беш аз се миллиардаи буҷаи кишвар табл зад, дар асл он бо ҳисоби доллар боз ҳам 286 миллион доллар камтар шуда буд. Яъне буҷаи соли 2015 ташкил медод.