Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоЭътирофи Рустами Эмомалӣ ба фасодзадагии Ҳукумат ва сохторҳои зидди фасод

Эътирофи Рустами Эмомалӣ ба фасодзадагии Ҳукумат ва сохторҳои зидди фасод

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи имруз дар маҷлиси Ҳукумат эътироф намуд, сохтору мақомоте, ки худашон бевосита субъекти бар зидди коррупсия муборизабаранда мебошанд, дар як пурсиши сотсиологӣ бештар фасодзада арзёбӣ гардидаанд.

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттило додааст, ки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ҳукумат, ки имрӯз 27.10.2016 таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, гузориш додааст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» дар давраи моҳҳои май-июни соли ҷорӣ вобаста ба муайян намудани сатҳи коррупсия дар миқёси мамлакат пурсиши сотсиологӣ гузаронидааст.

Рустами Эмомалӣ зикр намуд, ки дар ҷараёни пурсиш таҷрибаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, он дар ҳамкорӣ бо  вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарфи назар аз миллат, ҷинс, ҳизбият ва мансубияти динию нажодӣ амалӣ гардид.

Аз ҷумла, пурсиш дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, омӯзгорӣ, технологӣ, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Нурободу Рашт гузаронида шуд.

Зимни баргузории таҳқиқоти мазкур на танҳо муносибати аҳолӣ ба коррупсия, балки мавқеи онҳо бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шуд.

Дар пурсиши сотсиологӣ зиёда аз 88 ҳазор нафар сокинони кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият,  сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани шиддати он баён намуданд.

Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштироккунандагон зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ 35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабтиасноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.

Дар баробари ин, аксари иштирокчиён сатҳи коррупсияро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баён намуданд.  Аз ҷумла,  ба   ақидаи  43 200 нафар ё 49 фоиз мақомоти прокуратура, зиёда аз 43 ҳазор нафар ё 49 фоиз гумрук, қариб 43 ҳазор нафар ё 48 фоизандоз, 40 ҳазору 700 нафар ё 46 фоиз амният, қариб 32 ҳазор нафар ё 36 фоиз мақомоти судӣ, 39 ҳазор нафар ё 44 фоиз мақомоти  корҳои дохилӣ, беш аз 42  ҳазор нафар ё 48 фоиз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва 27 ҳазору 700 нафар ё 31 фоиз комиссариатҳои ҳарбӣ фасодзада мебошанд.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд,  ки тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, сохтору мақомоте, ки худашон бевосита субъекти бар зидди коррупсия муборизабаранда мебошанд, дар пурсиш бештар фасодзада арзёбӣ гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён беш аз 19 ҳазор нафар ё 22 фоиз сатҳи коррупсияро дар кишварпаст, қариб 34 ҳазор нафар ё 38 фоиз миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26 фоиз баланд ҳисобида, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 фоиз мавқеи худро муайян накардаанд.

Қариб 25 ҳазору 500 нафар ё 29 фоиз сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳишёбанда, 25 ҳазор нафар ё 28 фоизафзоишёбанда арзёбӣ карда, 22 ҳазору 700 нафар ё 26 фоиз чунин ақида доранд, ки сатҳи коррупсия тағйир наёфта истодааст.

Дар ҷараёни гузаронидани пурсиши сотсиологӣ иштирокчиён дар баробари арзёбии сатҳи коррупсия, барои беҳтар намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Чунончи, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали маоши миёна дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, аз ҷумлаи пешниҳодҳои баёншуда мебошанд.

Ба ақидаи аксари иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи васеъ қарор додани амалҳои содиршудаи коррупсионӣ ва ба хизмати давлатӣ таъйин намудани шахсони поквиҷдон, лаёқатманду босавод роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб мешаванд.

Аммо оё назари мардум, ки аслитарин сохторҳои фасодзадаи кишваррро муайян кардааст, дар тасмимгирии минбаъдаи раиси ҳукумат таъсире хоҳад дошт ё на, суоли вақт аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика