Thursday, April 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲудуди 10 000 кӯдак ҳанӯз дар кампи Сурия ҳастанд

Ҳудуди 10 000 кӯдак ҳанӯз дар кампи Сурия ҳастанд

Гузориши як созмони кӯмакрасонӣ нишон медиҳад, ки наздик ба 10 ҳазор кӯдаки шаҳрванди 40 кишвари ҷаҳон, аъзои гурӯҳи ҷангҷӯи Давлати исломӣ ҳамчунон дар кампи шимоли шарқии Сурия, саргардон ҳастанд.

Бештари ин кӯдакон, ки 50 дарсади онҳо синни камтар аз 5 сол доранд, дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳи “Алҳавл” воқеъ дар вилояти Алҳасака ҳастанд ва шароити душвори ин камп заминаи муносиб барои ҳидояти ин кӯдакон ба самти ифротгариро фароҳам кардааст.

Яке аз мамониятҳои қонунии бозгашти ин кӯдакон ба кишварашон, ин аст, ки ҷудо кардани ин кӯдакон аз модаронашон, ки дар ин урдугоҳ ба сар мебаранд, нақзи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аст ва гузашта аз он бисёре аз кишварҳо бо бозгашти аъзои гурӯҳи ҷангҷӯи давлати исломӣ мухолифат кардаанд.

Бархе аз ин модарони ДОИШ-ӣ аз ҳуқуқи модарии худ гузаштаанд то ба фарзандонашон иҷозаи бозгашт ба зиндагии оддӣ дода шавад, аммо бархе дигар аз онҳо ҳамчунон вафодории худ ба ДОИШ-ро ҳифз карда, дар интизори эҷоди “Хилофати исломӣ” ҳастанд ва кӯдакони худро насли ҷадиди ДОИШ медонанд ва хоҳиши ба бозгашт ба кишварашон надоранд.

Бархе сокинони урдугоҳ низ гуфтаанд, ки шуморе аз ин модарон аз кампи мазкур, ки тавассути афроди мусаллаҳи Курд мудирият мешавад, фирор кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular