Сокини шаҳри Душанбе Олим Абдуғаффоров, ки мехост хоҳарашро дар Русия ба як тоҷики дигар ба шавҳар диҳад, баъди баҳс бо корманди САҲШ чун “узви ДОИШ” ба ҳабс гирифта шуда, баъдан бо пардохти пора ба пулис озод шудааст.
Худи Олим ҳодисаи муроҷиъат ба САҲШ-и ноҳияи Синои пойтахт ва таҳқири корманди ону боздошт шуданашро чунин ҳикоя кард:
Ба номи Худованди меҳрубон. Ман як тоҷир ҳастам, ки 15 соли охир дар Русия истиқомат мекунам ва ду бародару як хоҳар дорам. Хоҳарамро ба як ҷавони тоҷик фотиҳа кардем ва чун домод шаҳрванди Русия асту хоҳарам шаҳрванди Тоҷикистон, барои қайди никоҳи онҳо маълумотнома дар бораи дар қайди никоҳ набудани хоҳарам талаб карданд.
Ба Душанбе рафтам ва ҳамроҳ бо падар ба идораи САҲШ (Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) рафтем. Корманде, ки масъули додани ингуна маълумотномаҳо буд ва Нусратуллоев Хуршед ном доштааст пурсид, ки маълумотнома барои чӣ лозим аст. Гуфтем, ки мехоҳем хоҳарамро дар Русия ба шавҳар диҳем. Дарҳол раисашро ҷеғ зад. Раисаш, ки мутаассифона номашро напурсидам, суол кард чаро тӯйро дар Тоҷикистон намекунем. Гуфтам намедонам, тӯйи асосиро хонаводаи домод мекунад. Аз хонаводаи домод пурсид, ки кӣ ҳастанду аз куҷоянд. Вақте ҷои истиқоматашонро гуфтам, талаб карда аз ҳамсояҳои домод хислатнома биёрем, ки террорист нест.
Гуфтам ин қоғаз ба он чӣ рабт дорад? Ӯ маро дашном доду гуфт “ту чаро риш мондаӣ?” Гуфтам “суннат аст”. Гуфт “суннати як арабро 14 аср шуд нигоҳ медоред, суннати пешвои миллат чӣ? Ё шумо бегонапарасту худкушед?”
Падарам ба ман амр кард, ки хомӯш бошам. Худаш ба падари домодшаванда занг заду масъаларо фаҳмонд. Онҳо ба ҳамсояҳояшон занг заданд ва ҳамсояҳо хислатнома навиштанд. Вақте онро ба назди раиси САҲШ овардем ва фаҳмид, ки домод таҳсилкардаи донишгоҳ Ал-аҳзари Миср аст, ба ман амр кард, ки ба домод занг занам. Аз домод суол кард “Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат қабул дорӣ ва чун мусалмон дӯст медорӣ?” Домод посух дод, ки “ман падарамро дӯст медорам ва Эмомалӣ Раҳмонро чун раисҷумҳур мешиносам”. Раис дод зад, ки ман аз падарат не, аз пешво пурсида истодаам. Домод гуфт пешвои ман Расулуллоҳ (с) аст. Раис гуфт “ту доишӣ будастӣ” ва телефонро хомӯш карду ба падарам гуфт “домод хоини миллат будааст, ба он террорист духтар пухтар намедиҳӣ!” Ман пурсидам “мо кадом қонунро вайрон кардем, ки ба мо маълумотнома намедиҳед”. Гуфт “шумо душманони пешвоед” ва моро аз утоқаш берун кард.
Ҳамон рӯз хоҳарамро ба Русия, ба назди писарамакам гусел кардем. Саҳар аз идораи САҲШ ва ВКД ба хонаамон омада пур, ки арӯс куҷост. Гуфтем Русия рафт. Маро дастгир карда ба идораи шӯъбаи ВКД дар маҳаллаи 82-ум бурданд ва онҷо гуфтанд, ки доишӣ ҳастӣ ва як ҳафта нигоҳ доштанд. Вақте гуфтам, ки ҳақ надоранд аз се соат зиёд боздошт кунанд, гуфтанд аз падарат вобаста аст, ҳарчӣ тезтар корро ҳал кунад, ҳамон қадар тезтар озод мешавӣ.
Хулоса баъди як ҳафта бо пардохти 1500 доллар пора ба полковник Қосимов Бахтовар ба озодӣ баромадам ва ба Русия омадам.