Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХариду фурӯши “вазифа”аз нигоҳи шариат

Хариду фурӯши “вазифа”аз нигоҳи шариат

Бо пешрафти замон тамоми тиҷорату муомилаҳои мардумӣ низ пешрафта истодааст.

Пештар дар тамоми китобҳои фиқҳ тиҷоратро бо мубодилаи мол бо мол таъриф мекарданд. Вақте калимаи тиҷоратро касе мешунавид, дар ҳол ба зеҳнаш додани маблағ ва гирифтани колое мерасид. Аммо дар асри ҳозир намудҳои тиҷорат дигаргун шудаанду, худи тиҷорат низ ба таърифи васеътар ниёз дорад. 

Хариди вазифа

Яке аз хариду фурӯше, ки дар асрҳои пештара вуҷуд надошт, ин хариди вазифаву мансаб буд. Дар асрҳои пештара  ин намуди тиҷорат аслан вуҷуд надошт. Барои ҳамин дар китобҳои фиқҳи Исломӣ оиди хариди мансаб, мавзӯе пайдо намешавад. Аммо мавзӯҳое ҳастанд, ки ба ин масъала наздик ҳастанд. Дар китобҳои фиқҳ, махсусан фиқҳи Ҳанафӣ мавӯе ҳаст ба номи “Аз ҳаққи худ муқобили моли муайяне фаромадан”. Шумо ба чизе ҳақ доред, аммо он ҳаққи худро ба касе медиҳед ва муқобили ин, аз ӯ пул талаб мекунед. 

Фурӯхтани вазифа низ ба ҳамин мавзӯъ дохил мешавад.

Шумо дар ҷойе кор мекунад, муаллим, муҳандис, мудири ширкат, ҳатто коргари оддӣ дар сохтмон ҳастед. Якбора тасмим гирифтед вазифаатонро тарк кунед. Ба шумо гуфтанд ба ҷоят ҳар касе, ки мехоҳӣ, бимон. Шумо ба нафаре мегӯед: ту ба ҷои ман вазифаи маро гир ва дар муқобилаш маблағи муайяне деҳ. Бо ҳамин як нафари дигар ба ҷои шумо ба кор меистад ва шумо ба ивази вазифаи додаатон аз ӯ маблағ мегиред. Ногуфта намонад, ки дар ин ҷо инсон вазифаи шахсии худро фурӯхта истодааст. Дар дасташ вазифааш ҳаст, ӯ аз он вазифа муқобили мол фаромада истодааст. Мансаб ва ё вазифаи худро фурӯхтан дар назди аксари уламо ҷоиз аст ва Муҷтамаъи фиқҳи исломӣ низ ба ин иҷозат медиҳанд. 

Аммо ногуфта намонад, ки мабодо ин муомиларо бо муомилаҳои дигари муҳарраму ночоиз баробар накунем.

Дар шариати мо ва дар қонуни аксари давлатҳои пешрафта мисли Малайзия, Туркия, давлатҳои дигари Аврупо давлат онҳоеро ба кор мегирад, ки аз тест ё худ имтиҳони қабули кор гузаранд. Ҳар муаллиме, ки мехоҳад кор кунад, бояд аввал имтиҳон диҳад, ба саводи муаллим ва натиҷаи имтиҳон нигоҳ карда, ӯро ба кор мегиранд. Вазифаҳои дигар ҳам ҳамин тавр. Дар ин давлатҳо ҳар як бесавод бо иддиои диплом доштан наметавонад муаллиму табиб гардад.

Дар шариат низ ҳамин тавр бояд ба лаёқату истеъдоди мардум нигоҳ карда, ба онҳо кору мансаб дода шавад. 

Аммо он беинсофие, ки дар кишвари мо ва аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар тақсими вазифа мекунанд, комилан хилофи шариат ва қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Дар мо бо ду роҳ ба вазифа меисанд. Якум роҳи аз ҳама машҳур одамбозӣ. Як нафари дар курсӣ нишаста, тамоми аъзои хонаводаашро ба вазифа таъйин мекунад, ҳоло саводу истеъдоду аз ӯҳдабароӣ муҳим нест. Ман мудири мактаб ҳастам, тамоми хонаводаамро ба мактаб ба кор мегирам. 

Роҳи дуввум порагирӣ. Бизнеси фурӯши мансабҳо. Ҳар касе, ки ришва ва ё пораро зиёдтар дод, ӯ соҳиби вазифа мегардад. Ин ду мусибат сабаби бесаводии ҷомеа то рафт ба фақру пастӣ рафтани ҳар яки мову шумо шуда истодааст.

Вақте гуфтем фурӯхтани вазифа дар шариат дар назди аксари уламо ҷоиз аст, он фурӯхтани вазифа ба истилоҳи тоҷикӣ нест. Шумо вазифаи дар дасти худатон бударо, ба касе медиҳед ва муқобилаш, агар маблағеро гирифтед, ҷоиз аст.

Баъзан вақте касе вазифаашро ба касе медиҳад ба ӯ шарт мегузорад.

Масъалан, мардикоре дар сохтмон кор мекард ба шахси дигар мегӯяд, ман ба ҷои дигар ба кор меравам, ту бошӣ ба ҷои ман дар ин гурӯҳи корӣ кор бикун, аммо ба як шарт, “Ман туро ба ҷои худам ба кор мемонам, ба шарти он, ки миқдоре аз даромадатро ба ман медиҳӣ”. Ин намуд шарт гузошта вазифаи худро ба касе додан, комилан ҳаром мебошад ва ришваву ҳаққи мардумхӯрӣ аст. Ба ҷои ин баробари вазифаашро додан, агар миқдори муайян мабалағеро гирад ҷоиз аст, аммо аз ҳар даромади коргар барои худ ҳисса ҷудо карда гирифтан, комилан нодуруст ва ҳаром аст.

Масалаи дигаре, ки оиди вазифаву кор бояд зикр кунем, ин масъалаи порадиҳӣ баро вазифа мебошад. 

Дар Русия ва дар Тоҷикистони худамон низ мардум ба ин ҳолат хеле зиёд во мехӯранд.

Дар баъзе муассисот шумо истеъдоди кори доред ва ё надоред, аз ӯҳдаи кор мебароед ва ё намебароед, мадраки корӣ доред ва ё на фарқ намекунад, ба маҳзи он, ки ба соҳибкор ришва додед, шуморо ба кор қабул мекунанд. Дар ин вақт, вақте шумо медонед, ки аслан лоиқи ин кор нестед, қобилияти кор кардан дар ин ҷойро надоред, баръакси шумо нафарони дигаре ҳастанд ки қобилияти дар ин ҷо кор карданро доранд, шумо бошед, ришва медиҳеду ба ин ҷо ба кор медароед, дар ин вақт шумо пора додед ва ба сафи порадиҳандагон дохил гаштед. 

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят аст, ки мегӯянд:

لعن رسول الله صلى الله عليه و سلم الراشي و المرتشي

Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам ришватгиранда ва ришватдиҳанда, порагир ва порахӯрро лаънат кардан.(Тирмизӣ)

Ба ҳар ҷое, ки лоиқ нестед, аммо бо додани маблағ худро ба он ҷо дохил мекунед, ин ришва аст, новобаста аз он ки ҷои кор бошад, донишгоҳ ва  ё маконҳои дигар.

Аммо вақте шумо қобилияти кор кардан дар ин ва ё он вазифаро доред ва медонед, ки шумо аз дигарҳо беҳтар ҳастед, вале барои ба ин ҷо ба кор истодан, бояд ришва диҳед, дар ин вақт шумо метавонед ришва дода, ба ҳаққи худ бирасед. Шумо барои ба ҳаққи худ ришва дода расидан, гунаҳгор намешавед, аммо касе, ки бо вуҷуди мустаҳиқ буданатон аз шумо ришва гирифт, гуноҳи ришвахӯриро мегирад. Ҳар нафаре, ки барои гирифтани ҳаққи худ ришва медиҳад, гунаҳгор намешавад, аммо тарафи гиранда гунаҳгор мешавад. Дар китобҳои фиқҳ ва ақволи уламо омадааст, ки ришвадиҳанда замоне гунаҳгор мешавад, ки ба чизе, ки лоиқ нест бо додани пул соҳиб гардад, аммо ба чизе ки лоиқ аст, агар пул диҳад ин ба ҳаққи худ расидан аст ва гуноҳи ришва ба дӯши гирандаи ришва мебошад.

Шумо барои муаллими ба мактабе ҳуҷҷат тақдим кардед, медонед, ки дигар нафароне, ки ҳуҷҷат тақдим карданд, мисли шумо босавод нестанд, лаёқати кор дар мактабро надоранд. Мудири мактаб ва ё масъулони дигар бошад, ба шумо шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати пардохти ришва, шуморо ба кор мегирад. Дар ин вақт шумо барои ба ҳаққи худ ба  вазифаи муносиби худ расидан, он ришваро ба масъул тақдим мекунед. Гуноҳи он ришва ба гардани он нафаре ҳаст, ки бо вуҷуди истеъдод доштан, аз шумо ришва гирифт, шумо бошед, гунаҳгор намешавед.

Тамоми донишҷӯёни мазлуме, ки ба вуҷуди истеъдоду дониш доштан ба масъулон,  барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ришва медиҳанд, бо вуҷуди савод доштан, маблағҳои калонро ба ҷайби ректору миёнаравҳо мегузоранд, барои ин ришвадиҳӣ гунаҳгор намешаванд, зеро маҷбур ҳастанд, барои ба ҳаққи худ расидан, ришва диҳанд. Аммо онҳое, ки ин маблағро талаб мекунанд ва ин ришваро мегиранд, бешак гуноҳи ришвахӯрӣ ва лаънати Паёмӣбар ба болояшон аст.

Муслимаи Аҳмадӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular