Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоҲеҷ кас мисли Раҳмон халқи тоҷикро паст назада буд!

Ҳеҷ кас мисли Раҳмон халқи тоҷикро паст назада буд!

Муддате мегузарад, ки собиқ директори совхози қафомондаи ноҳияи Данғара Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов даъво намуд, ки пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва мӯҳтарам аст. Ин даъвои худро аз тариқи масхарае, ки онро раъйпурсии умумихалқӣ номид, ҳукми қонун бахшид.

Ӯ эълон кард, ки дар ин фиреби умумихалқӣ зиёда аз 90% мардум иштирок кард ва 91,5% онҳо ба тарафдории бори дигар ва ба тамом поймол кардани Сарқонун овоз дод. Ҳамин тавр дар Тоҷикистон дар асри 21 баъд аз тақрибан 100 соли сарнагун шудани сулолаи Оли Манғит сулолаи нави Оли Раҳмон ҳукмрон шуд.


Вале чи хел шуд, ки як нафар одами чаласавод, маҳдуд, кӯтоҳандеш ва баднафс тавонист худро ба як миллате, ки гузаштаи пурифтихор дорад, пешво эълон кунад ва миллат инро сокитона қабул кунад. Ҷавоби ин савол осон аст. Дар ин муддати 20 соле, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудрат аст, ӯ тамоми корҳоеро, ки барои аз байн бурдани номус, шараф ва ифтихори миллӣ лозим буд, кард. Ӯ ба онҳое, ки илму дониш ва шарафу виҷдон доштанд, ҷанг эълон кард. Дар натиҷа ҳозир дар Тоҷикистон дар ягон идора ва муассисаи давлатӣ одами донишманд, мутахассис ва бавиҷдон намондааст.

Ба ҳар куҷое, ки дар Тоҷикистон наравед, дар ҳама идороту муассисаҳо шумо мансабдоронеро мебинед, ки сифати фарқкунандаи ҳамаи онҳо бесаводӣ, дағалӣ, баддаҳанӣ, бадахлоқӣ, бевиҷдонӣ ва порагирӣ мебошад. Мактабу институту донишгоҳ бошад, ба ҷои он ки даргоҳи илму дониш бошанд, ба корхонаҳои манқуртсозӣ табдил шуданд. Албатта дар ин ҷинояти миллӣ нақши радио ва телевизиони раҳмонӣ бисёр манфӣ аст. Дар натиҷа тоҷик, ки замоне синоними озодаву озодандеш буд, ба бардаву тарсу табдил шуд. Акнун ҳашт миллион тоҷик пасво шуду як нафар ғаддор пешво. Ин чиз дар таърихи ҳазоронсолаи тоҷикон бори аввал рӯй медиҳад.

Акнун дигар тоҷикон то ба сатҳи қабилаҳои ибтидоие таназзул карданд, ки ҳоло ҳам дар Африка, Полинезия ва ҳавзаи Амазон зиндагӣ мекунанд. Дар ин қабилаҳои ибтидоӣ ҳеҷ коре бе қарори пешво намешавад, ҳатто дарондани пардаи бакорати дӯшизагон ҳам. Агар ёд дошта бошед, дар Тоҷикистон ҳам ба наздикӣ қонуне дар бораи иффати наварӯсон қабул шуд. Ягона фарқ он аст, ки дар мо бакоратро табибон тафтиш мекунанд, вале дар қабилаҳои ибтидоӣ пешвояшон. Аммо яқин донед, ки агар мо ба ҳамин суръат ба қафо ҳаракат кардан гирем, ба зудӣ ин чизро пешвои мо ҳам ҷорӣ мекунад.


Дар ин масъала мавқеи аҳли зиёи Тоҷикистон ё онҳое, ки худро зиёиву равшанфикр ҳисоб мекунанд, шармандаовар, нанговар ва бевиҷдонона аст. Дар тӯли таърихи худ аҳли қалами халқи тоҷик ин қадар бевиҷдон ва тарсу набуд. Дур намеравем, ҳатто дар замони ҳукумати мустабидонаи Шӯравӣ, ки ягон хел дигарандеширо намепазируфт, буданд онҳое, ки натарсида ва ҷасурона садо баланд мекарданд, мақолаву китоб менавиштанд, то арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳифз кунанд.

Аммо ҳоло чи? Ёд доред, чанде пеш як гурӯҳе, ки худро намояндагони зиёиёни Тоҷикистон меномид, ҳамроҳ бо президенти Академияи илмҳо вобаста ба як навиштаи рӯзноманигори рустабори тоҷик, ки дар навиштаи ӯ иқтибоси пешвои пештараи зиёиёни мо — Ленин дар бораи г…ҳ будани зиёиён истифода шуда буд, чи ғавғову мағале дар ҷомеа бардошта буданд. Суди ноодил ҳам барои қонеъ кардани шикояти ин бешарафон ҳукм баровард ва ин рӯзноманигорро, ки виҷдонашро гум накарда буд, ҷарима намуд. Аҳли зиё дар ҳар кишвар барои миллат ва ояндаи он масъулияти бузург дорад ва барои ҳамин набояд дар масъалаҳои сарнавиштсози миллат бетараф бимонад. Мутаассифона, зиёиёни имрӯзаи тоҷик шутурмурғеро ба ёд меоранд, ки сарашро барои он ки набинаду нашунавад, ба даруни рег мехалад. Ин чи бешарафист, ки зиёиёни имрӯзаи мо сокитанд, вақте ки як нафар фурӯмоя худро пешвои миллат эълон мекунад ва бо ҳамин мехоҳад гӯяд, ки боқимонда ҳашт млн сокинони кишвар ҳама пасвои ӯянд!


Аз афташ Эмомалӣ Раҳмон мисли пешвоёни африкоӣ унвонҳои дарози чандқабатаро дӯст медорад. Барои ҳамин унвони пешвои миллат барояш камӣ карду худро боз асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эълон кард. Вале оё ӯ дар ҳақиқат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аст? Албатта не! Ӯ яке аз ду тарафи ҷанги нангини шаҳрвандӣ буд, ки маҷбур шуд ба мизи музокира бо тарафи дигар бишинад. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 дар Москва созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон имзо мешавад.

Агар баъзеҳо аз ёд бароварда бошанд, ба хотир меорем, ки ин созишномаро на танҳо Эмомалӣ Раҳмон, балки Абдуллоҳ Нурӣ ва боз намояндагони Котиби генералии СММ Меррем, вазирони умури хориҷаи Русия ва Эрон  Примаков ва Вилоятӣ имзо карда буданд. Пас худатон аз рӯи мантиқ қазоват кунед, ки оё танҳо як кас ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон метавонад асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ шавад? Албатта не. Баръакс Эмомалӣ Раҳмон тарафе шуд, ки ба ин созишномаи тақдирсози миллат хиёнат кард ва онро баъд аз гузаронидани референдуми машкуки 22 май ба пораи коғаз табдил дод. Пас месазад, ки минбаъд мо Эмомалӣ Раҳмонро поймолкунандаи сулҳу ваҳдати миллӣ биномем.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон эълон кардааст, ки ӯ муҳтарам аст. Вале оё касе, ки ин ҳама таҳқир ва забуниро барои миллати тоҷик раво дидааст, метавонад барои ин миллат муҳтарам бошад? Албатта не. Ӯ шахсест номуҳтарам ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки барои ҷиноятҳояш ва хиёнатҳояш дар пеши миллати шарифи тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.


Пеш аз он ки ин навиштаро ба итмом расонам, мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар сохторҳои қудратии кишвар хизмат мекунанд, муроҷиат бикунам. Агар шумо заррае виҷдон дошта бошед, бояд дарк кунед, ки одаме, ки худро пешвои миллат хондааст, дар асл нафси худ ва нафси авлоди худро аз манфиатҳои миллии мамлакат ва мардум болотар гузоштааст. Барои ӯ шаъну шараф ва арзишҳои миллӣ гапи хушку холианд. Барои ӯ бақои тахту тоҷи ӯ ва авлодаш аз ҳама чиз авлотар аст. Боварӣ дорам, ки шумо виҷдону шарафи худро гум накардаед ва сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонед. Нагузоред, ки аз корҳои кардаатон баъдтар пушаймон шавед. Он вақт пушаймонӣ, чи тавре ки мегӯянд, суд надорад.


Восеъ, шаҳри Кӯлоб

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика