Sunday, April 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТрамп боз ба сулҳи Афғонистон баргашт

Трамп боз ба сулҳи Афғонистон баргашт

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дигарбора ба азмаш барои хотима додан ба ҷанги тақрибан 20-сола дар Афғонистон ва коҳиш додани теъдоди сарбозони Амрико дар ин кишвар таъкид кард.

Трамп рӯзи 4-уми феврал зимни паёми солонааш ба Конгресс гуфт, вазифаи Амрико “иҷро кардани нақши мақомоти интизомӣ” дар кишварҳои дигар нест. Ӯ афзуд, “мо кӯшиш дорем, ки дар ниҳоят ба ҷанги дарозтарини Амрико хотима диҳем ва сарбозонамонро ба ватан баргардонем”.

Сарбозони Амрико аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон меҷанганд ва ҳоло 14 ҳазор нафарашон дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Ҳ

укумати Трамп мехоҳад, ки бо Толибон созиш кунад ва шумораи сарбозонашро то ба 8 ё 9 ҳазор нафар расонад.

Доналд Трамп соли 2016 ҳангоми маъракаи интихоботиаш қавл дода буд, ки ҷангро дар Афғонистон ба поён мерасонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular