Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарҳод Раҳимӣ тобистон талаби борон хоҳад кард

Фарҳод Раҳимӣ тобистон талаби борон хоҳад кард

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст тобистон мардумро барои талаби борон ба таҷлили як ҷашни дигар барорад.

Раҳимӣ гуфт  аз соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон як иди дигарро таҷлил хоҳанд кард. Олими рақами аввали Тоҷикистон, дар нишасти хабариаш, ки имрӯз, 10-уми феврал баргузор гардид, эълон кард минбаъд ҳамасола дар фасли тобистон “ҷашни Тиргон ё даъвати борон баргузор” карда мешавад”.

Фарҳод Раҳимӣ, тасмими баргузории ҷашни навро идомаи мантиқии ҷашнҳои “Меҳргон”, “Сада” ва “Наврӯз” хонд ва гуфт он ба манзури “ягонагии инсон ва табиат” таҷлил мешавад. 

Раҳбари олимони тоҷик, ки вазифаи шамани боронталабро ба дӯш гирифтааст иттилоъ дод, ки  “дар фасли тобистон кишоварзон дар киштукор бо камбуди об рӯбарӯ ҳастанд ва даъвати борон ба хотири ҳалли ин мушкил аст”.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон ҷашни идҳои исломиро маҳдуд сохта, ба ҷашнҳои қабл аз ислом мисли Наврӯзу Меҳргону Сада таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. 

Иддӯстдории мақомот бо идҳои қаблазисломӣ маҳдуд намешавад ва идҳои дигаре бахшида ба меваву сабзавот низ мисли иди кадуву харбузаву ангуру зардолу низ кашв кардаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular