Saturday, April 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоронавирус сабаби ҳабси пранкери тоҷик шуд

Коронавирус сабаби ҳабси пранкери тоҷик шуд

Додгоҳи ноҳияи Черемушки як блогери тоҷикро барои сабти “пранк” ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 10-уми феврал навишт, ки Кароматулло Ҷабборов ба авбошӣ муттаҳам аст ва то 8-уми март дар боздошт мемонад. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Ҷабборов рӯзи душанбе дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, сабти “пранк” рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба тарафи “Улица 1905 года” ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст.

Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Дафтари матбуоти Идораи пулиси Маскав ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, ончи дар метро иттифоқ афтод, “пранк” дар мавзӯи коронавирус буд. Ба қавли тафтишот, ҳоло полис шарикони Кароматулло Ҷабборовро меҷӯяд.

Коронавирус дар Чин ббеш аз 900 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular