Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаҳои нафт бо вуҷуди иқдомоти ОПЭК боз ҳам суқут кард

Баҳои нафт бо вуҷуди иқдомоти ОПЭК боз ҳам суқут кард

Баҳои нафт ба 53 доллар расид. Ин қимат камтарин қимате аст, ки “тилоои сиёҳ” дар зарфи солҳои гузашта доштааст. Ояндаи қимати нафт дар бозори энержӣ қобили пешбинӣ ва контрол нест ва ҳатто чораҷӯиҳои ОПЭК ҳам ҷилави суқути баҳои нафтро нагирифтааст. 

Суқути баҳои нафт бо шуйӯъи вируси короно дар Чин оғоз шуд. Короно бисёре аз сармоягузорон ва муомилагаронро нигарон кардааст. 

Масрафи нафти Чин камтар шуда ва дар пайи он тақозо аз тараф бузургтарин масрафкунанда нафти ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Чин ба танҳоӣ беш аз 14 дарсади нафти ҷаҳонро масраф мекард. 

Созмони тавлидкунандагони нафт – ОПЭК, ки аз оқибатҳои поин омадани баҳои нафт ранҷ мебаранд, дар рӯзи душанбе, 10 феврал аз чораандешии ин созмон барои ҷилавгирӣ аз уфти баҳои нафт хабар доданд. 

Кишварҳои узви ОПЭК ва ОПЭК Палос, кишварҳои нафте, ки бо ин созмон ҳамкорӣ мекунанд, ба хотири таъсири манфии вируси короно бар иқтисоди ҷаҳонӣ тавлиди нафти худро коҳиш медиҳанд. 

Ба гузориши равобити умумии ОПЭК, дар рӯзи душанбе пешниҳоди коҳиши тавлиди нафт аз сӯи кумитаи тадоруки иҷлоси ояндаи вузарои нафти кишварҳои узви ОПЭК, ки дар авоили моҳ марти оянда баргузор хоҳад шуд, ироа шудааст. 

Муҳаммад Аркоб, вазири нафти Алҷазоир, ки раёсати давраии ОПЭК-ро бар ӯҳда дорад гуфт, ки эпидемияи вируси короно таъсири манфӣ бар фаъолиятҳои иқтисодӣ, ба хусус дар бахши тиҷорат, гардишгарӣ ва саноеъ доштааст. Ў афзуд: “вазъият комилан равшан аст ва мо ба хотири манофеъи ҳамаамон ниёз ба тасҳеҳи мизони тавлид дорем.” 

Созмони ОПЭК дар нишасти декабри соли гузашта тасмим ба коҳиши 500 ҳазорбушкаии тавлиди нафт гирифт. Коҳиши тавлиди нафти ОПЭК аз соли 2018 ба ду миллиону 100 ҳазор бушка дар рӯз расидааст. 

ОПЭК ва кумитаи ОПЭК Палос дар ҳоли баррасии коҳиши тавлиди 500 ҳазор бушка дар рӯз аст. Ин иқдоми кишварҳои тавлидкунандаи нафт ба далели таъсири манфии вируси короно бар бозори тақозо аст. 

Аммо бозори нафт таҳти таъсири ин чораҷуии ОПЭК ва кумитаи ОПЭК Палос қарор нагирифт ва раванди коҳиши қимати нафт ҳамчунон идома ёфт. Тавре, ки дар поёни рӯзи душанбе, 10 феврал нархи ҳар бушка нафти хоми Brent  то 53 доллар ва нафти West Texas Intermediate хом тагзос (WTI) то 50 доллар коҳиш пайдо кард. Баҳои як бушка нафти хоми Брент дар моҳи январ 70 доллар буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular