Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, раванди тафтишот ва номҳои “ҳамлаварон”-у кушташудагон ва боздоштшудаҳоро пинҳон медоранд, аммо бо гузашти вақт баъзе паҳлӯҳои ин ҳодиса ва парвандаи вобаста ба он рӯшан мешавад. Ҳарчӣ маълумот бештар мегардад, фарзияи мақомот ва воқеъӣ будани ҳамла зери шубҳа қарор мегирад.
Паём маълумоте пайдо кард, ки ба баъзе паҳлӯҳои ин қазия равшанӣ меандозад, аммо пурсишҳо ва шубҳаҳо ба фарзияи мақомотро бештар месозад.
Оилаи ғайбзада
Баъди ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳ, оилаи Ғафуровҳо аз гузари Тали шаҳри Истаравшан комилан ғайб задааст. Тибқи иттилоъе, ки аз Паём тавонист аз ҳаммаҳаллаҳои оилаи Ғафуровҳо дастрас кунад, оилаи Ғафуровҳо ба тиҷорат машғул буданд ва ба бештари бозорҳои кишвар, аз ҷумла ба ҷануби Тоҷикистон бо чанд мошин бор мебурданд. Ҳамчунин онҳо дар бозори “Корвон”- Душанбе ва “Сомонбозор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нуқтаҳои савдо доштаанд. Дар сафарҳои тиҷории онҳо, ки зану марди хонаводаро дарбар мегирифт, гоҳе наврасон ҳам ҳамроҳ мешуданд.
Ду ё се рӯз қабл аз ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳ ҳам ин хонавода ба сафари тиҷоратӣ баромадааст. Чанд нафар ба сафар рафтаанд, манобеъ гуфта натавонистанд, аммо дар ин ки баъди ба сафар баромадани қисмате аз аъзои хонавода, ҳади ақал 2-3 зан ва чанд кӯдаку наврас дар хона боқӣ мондаанд, шубҳа надоранд. Аммо баъди ду рӯзи ҳодиса афроди боқимондаи хонавода низ ғайб задаанд. Чӣ гуна, касе намедонад.
Ба Паём муяссар шуд, шахсияти қисмате аз боздошшудаҳоро муайян кунад.
1. Зарипов Мансур аз маҳаллаи Таги Чинори Истаравшан, Пештар бо моддаи 347 қисм 2 маҳкум шудааст. Ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад ва муттаҳам ба хабар надодан аз “ҷиноят”-и Ғафуров Шӯҳрат аст. Мансур дар дасти Шӯҳрат коргар будааст;
2. Султонов Баҳром, аз деҳаи Бобо Тағо. Пештар бо моддаи 187/2 ҳабс шуда, соли 2015 озод гаштааст. Ҳоло ба ҷурми ҳамкорӣ бо Шӯҳрат дар боздоштгоҳ қарор дорад
3. Қурбонов Фарҳод. Қаблан бо моддаи 187/2 суд шуда соли 2016 озод шуд, ҳоло дубора бо ҷурми ҳамдастӣ бо Шӯҳрат боздошт шудааст
4. Юсупов Умедҷон. Пештар бо моддаи 187/2 ҳабс шуда, соли 2015 озод гаштааст. Мақомот мегӯянд ӯро раҳо кардаанд, аммо ӯ ба хонааш барнагаштааст ва ҷустуҷӯи наздиконаш, аз ҷумла дар боздоштгоҳҳо то ҳанӯз бенатиҷа будааст. Як манбаъи Паём мегӯяд ӯ таҳти шиканҷа дар боздоштгоҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд ҷон бохтааст ва чанд корманди он ҷасадашро аз онҷо хориҷ карда, аммо маълум нест куҷо бурдаанд.
4. Каримов Суҳроб аз маҳаллаи Тошкандӣ ё худ Қассобон, падараш маъюб, модараш фавтида. Танҳо падарашро нигоҳубин мекардааст. Манобеъ мегӯянд бинобар набудани модар ва маъюб будани падар мактаб нарафтааст ва саводи навиштану хондан надорад, ҳатто ҳисоби ибтидоиро сарфаҳм намеравад. Дар бозор бо фурӯши салафанҳои полиэтиленӣ машғул буд ва бо ҳамин рӯз мегузаронд. Соли 2010 бо моддаи 187/2 маҳкум шуд ва ба сабаби бадии ҳолати санитарӣ дар боздоштгоҳ ба касалии сил гирифтор шуда, аз ҳисоби хайроти бачаҳои зиндонӣ табобат гирифтааст. Ҳоло ба ҷурми бо Юсупов Умедҷон алоқаи мобилӣ доштан ӯро боздошт кардаанд Вақте соли 2010 ӯро боздошт карданд ба гуфтаи худи кормандони ВКД, ӯ ҳатто имзо гузошта наметавонистаст.
4 нафари охир соли 2010 тибқи парвандаи маъруф ба “Парвандаи 53” (таркиш дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд, ки 53 нафарро ба зиндон бурд) боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.
Тибқи маълумоте, ки Паём ҷамъоварӣ кардааст, “Парвандаи 53” як ноӯҳдабароӣ ва қаллобии бузурги дигари мақомот будааст, ки 53 бегуноҳро барои аз 5 то 11 сол паси панҷараҳои зиндон бурдааст. Ин таҳқиқот ҳам ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

