Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНазари хонанда: Ислоҳот дар соҳаи саноат

Назари хонанда: Ислоҳот дар соҳаи саноат

Саноат. Дар ҷойгир намудани корхонаҳои саноатии кишвар, ба якчанд қонуниятҳои иқтисодӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад:   

–  ҷойгиршавии ашёи хом;

– қувваи корӣ ва мутахассис; 

– нақлиёт, роҳи автомобилгард ва       

  наздик будан ба роҳи оҳан;

– муҷаҳҳаз намудани ин ё он соҳаи

  саноат, бо таҷҳизоти замонавӣ;

– талабот ба маҳсулоти  

  истеҳсолшуда.

Саноати кӯҳӣ ва металлургияи 

                  ранга.

Барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ, пеш аз ҳама, таҷҳизонидани ин соҳа бо техникаи замонавӣ ва истифодаи технологияи навтарин, андозбандии баробар, таъмин намудан бо барқи арзон, зиёда аз 50% – и инвеститсияи дохилӣ, зиёда 90% – и коргарон ва мутахассисон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, манъи содирот дар шакли хом ва ғайра.

Ба тамоми соҳаҳои саноат, пардохти барқ бо нархи якхела дода шавад, на ба яке нархи заминӣ, ба дигаре нархи осмонӣ! Барқи арзонтаринро нерӯгоҳҳои барқии обии ( НБО ) – ҳои кишвар тавлид мекунанд ва дар як сол то 19,7 млрд. КВТ соат, қувваи барқ истеҳсол мешавад. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, қувваи барқро бо нархи 2 сент (  бо арзиши имрӯза 19 – 20 дирам ) медиҳад. Агар хоҳем, ки кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд кунад, бояд, ба соҳаи саноати дохилӣ, нисбати давлатҳои хориҷӣ, барқро бо нархи арзон фурӯхта шавад. 

Бо дастгирии соҳибкорони дохилӣ дар соҳаи саноат, ду тангаи аз ҳисоби барқ кам кардашуда, аз ҳисоби андози маҳсулоти истеҳсолшуда пӯшонда, дар кишвар ҳазорҳо ҷои корӣ пайдо мешавад. То ки соҳаи саноат рушд кунад, яъне неруи барқ дар фасли тобистон бо арзиши 12 – дирам ва дар фасли зимистон бо арзиши 18 дирам, ба соҳаҳои саноат фурӯхта шавад. Чунин амал, сабаби рушди соҳа ва сари вақт пардохтани пули барқ мегардад. Дар шароити кунунӣ ашёи хоми саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга, тороҷ шуда истодааст.

Дар тороҷ намудани маъданҳои саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга ширкатҳои истеҳсолии Чин хеле “саҳм” – и калон доранд. Дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат, рӯзи 24 – уми январи соли 2019, “раисҷумҳур Эмомали Раҳмон эътироз намуд, ки боигарии табиии Тоҷикистонро дар намуди ашёи хом ( консентрат ) бароварда истодаанд… Ӯ ба Ҳукумати ҷумҳури супориш дод, ки ин масъала – масъалаи баровардани ашёи хомро ҷиддӣ дида бароянд”. Минбаъд  Ҳукумати ҷумҳурӣ бо намояндаҳои чинӣ шартномаҳои кутоҳмуддат баста, дар қарордодҳо нишон дода шавад, ки зиёда 50 % – и саҳмияҳо аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон ва аз 90 то 100% коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ таъмин карда шавад. Сабаб: мисол меорам, директори кони тиллоӣ ” Зарафшон ” Ҷин Холдинг, бо баҳонаҳои гуногун, коргарони маҳаллиро оҳиста – оҳиста аз кор ронда истодааст… 

Шартномаи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, кони тиллоӣ СП ” Зарафшон “, ба фоидаи кишвари Чин баста шудааст. 70% – и саҳмияҳо аз ширкати чинӣ ва 30% – и он аз Тоҷикистон. Боигарии табиӣ ва корхона дар қаламрави Тоҷикистон аст, вале 70% – даромадро ширкати чинӣ ва 30% – и онро Тоҷикистон мегирад. Бастани чунин шартномаҳои нобаробар суол барангезандааст.

Чиниҳо дар айни замон комбинатҳои кӯҳии Зарнисор ( ноҳияи Мастчоҳ ), Чоруқ Даррон (шаҳри Гулистон), Адрасмон (шаҳри Гулистон), конҳои тиллои ноҳияҳои Панҷакент, Айни, Кӯҳистони Марказӣ ва якчанд конҳои Бадахшонро ба тасарруфи худ даровардаанд. Масъулин набояд, фаромӯш кунанд, ки захираҳои табиӣ моли Тоҷикистон аст, на моли Чин! Манфиати шахсиро набояд аз манфиати миллӣ боло гирифт. 

Дар Тоҷикистон то кунун зиёда аз 600 захираи табиӣ, полихимикӣ, металҳои нодир ошкор ва таҳқиқ шудааст. Ҳоло дар 400 конҳои кишвар, захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданокро муайян намуда, дар 100 майдони захираҳои табиӣ, истихроҷи он,  давом дорад. Ин захираҳо, дорои маъданҳои ранга, ашёи хоми саноатӣ металлургӣ ба монанди: цинк, қурғошим, висмут, волфрам, молибден, мис, тилло, нуқра, сурма, симоб, қаълаи, уран марганетс, магний, маъдани оҳан, сангҳои қимматбаҳо, ангиштсанг ва бо миқдори кам бошадҳам гази табиӣ ва нафт, обҳои маъданӣ, гармчашмаҳои муолиҷавӣ ва ғайра воқеъ аст. 

Дар соли 2018 Тоҷикистон 6,4 тонна тиллоӣ холис истеҳсол намуд, ин нисбати соли 2017, 16,7% зиёд аст. Дар кишвар зиёда 10 ширкат ба истеҳсоли тилло сарукор дошта, қисми асосии ин ширкатҳо ба кишвари Чин, тааллуқ доранд. Калонтарини он ширкати муштараки Тоҷикистону Чин СП⁷ “Зарафшон” (70% – и истеҳсоли тиллоӣ Тоҷикистонро ташкил менамояд) ҶСК ТВЕА  – и Чин, Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, ташкилоти давлатии “Тиллоӣ тоҷик” ва ғайра. Дар ду соли охир, литсензияи ду кони тиллоӣ ноҳияи Айнӣ ” Дуобаи Шарқӣ ” ва ” Кумарги боло ” – ро ширкати чинӣ ба даст овард, ки захираи умумии онҳо зиёда 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ ҷой дошта – зиёда 117 тонна буда, майдони умумии конҳо 15,4 км² мебошад. 

Оиди шартномаи конҳои тиллоӣ  “Дуобаи Шарқӣ ” ва “Кумарги боло”, дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳои гуногун нашр шуд. Аввалан маълумоте, ки нашр шуд, шартнома ба 80% – и саҳмия чинӣ ва 20% – и он ба Тоҷикистон буда, бадтар маълум шуд, ки палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон, рӯзи 28 ноябр созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзо шуда, байни Вазорати саноат ва энергетикаи ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК ТВЕА – и Чин, дар барои амалисозии сохтмони марказӣ барқу гармидиҳии (МБГ – 2) – и шаҳри Душанберо тасдиқ кард. Ҳамзамон то тасдиқи ин ҳуҷҷат Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ду кони тиллоро ба ширкати чинӣ додааст. Яъне ширкати Чинӣ, аллакай ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарги боло” ва “Дуобаи Шарқӣ ” дар қаламрави ноҳияи Айни вилояти Суғд, корро оғоз кардааст. Суоле пайдо мешавад, ки пеш аз ратификатсия намудани шартнома аз тарафи депутатҳои  МН МО, ширкати чинӣ ҳуқуқи истихроҷи тиллоро дорад ё на? 

Фоидаи аз истихроҷи конҳои тиллои дар боло зикр шуда, ба ҷуброни воситаҳое равона хоҳад шуд, ки ширкати чинӣ, дар сохтмони марказӣ барқу гармидиҳӣ (МБГ – 2), дар Душанбе, масраф кардааст. Мувофиқи қарордод, ширкат ба истихроҷи металҳои гаронбаҳои  ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷ кардааш барои сохтмони МБГ – 2 – и шаҳри Душанбе ҳуқуқ дорад.

Ғайр аз ин Б. Шарифӣ, қайд кард, ки аз ҳудуди 700 нафар коргарон, дар ин конҳо 80% – и онро аз аҳолии маҳаллӣ ба кору фаолият ҷалб карда мешавад. Қобили зикр аст, ки маблағи сарф шудаи ширкати ТВЕА – и чинӣ барои аз навсозии МБГ – 2 – и Душанбе 349 млн. долларро ташкил дода аз чумла, Чин 331,6 доллар, саҳми Тоҷикистон, 17,4 млн. доллар аст.

Соли гузашта роҳбарияти ширкати ТВЕА – и чинӣ ба воситаи ахбори оммаи Чин, хабар дод, ки агар захираҳои ду кони тиллои зикр шуда барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоягӣ накунад, пас ба ширкат барои кор кард, боз як кони дигар ҳуқуқ дода шудааст. Ҳушдор дода истодааст, ки огоҳ бошед боз як кони дигарро мегирем.

Инчунин ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави ВМКБ, бо ду иқдоми беназир ва нобахшиданӣ 1,15 ҳазор км.кв. пораи дили миллат ва  кони нуқраи 

“Якҷилва”-ро ба Чин дод.

Кони нуқраи ” Якҷилва ” дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, дар баландии 4500 м. воқеъ аст. Якуми апрели соли 2019, Парламенти Тоҷикистон қонунро ба тасвиб расонд, ки кони нуқраи ” Якҷилва ” ба ширкати чинии ” Кашон Синьюи Дади Майнинг Инвестмент ” вогузор намуда аз андоз ва боҷи гумрукӣ куллан озод карда шуд.

Раиси МН МО Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, суол кард, ки бо пурраги додани кони нуқраи ” Якҷилва ” ба ширкати чинӣ ба Тоҷикистон чӣ фоида?

Фаррух Ҳамрализода нашармида ҷавоб медиҳад, ки аз ҳисоби андоз. Вале дар шартнома омадааст, ки ширкати чинӣ ” Кашн Синьюи Дади Майнинг Инвестмент “, тӯли 7 – сол аз андози давлатӣ ва боҷи гумрукӣ озод аст. Вале барои омода сохтани шароити корӣ, ширкати чинӣ, 385 млн.доллар сарф менамояд. Ширкат вазифадор аст, дар се соли аввали корӣ 60% – и қувваи корӣ ва пас аз се сол 80% – и қувваи корӣ, аз ҳисоби аҳолии маҳаллиро ба кор таъмин намояд.

Вале рӯзноманигори Радиои Озодӣ Абдулло Ашӯров, маълумотҳои пинхонии пурасрори кони нуқраи ” Якҷилва ” – ро муайян мекунад, ки на 60% бар 40% балки 40% – и коргарон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ буда, 60% – и қувваи корӣ аз ҳисоби ширкати чинӣ, ки яъне 70 нафар аз ҳисоби чиниҳо ва 36 нафар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, буда ҳамагӣ 106 нафарро ташкил медиҳад. Тарафи дигари масъала, озод намудан аз андоз ва боҷи гумрукӣ, ҳатто на 7 – сол аст, балки 18 – сол то соли 2037. Намояндаи ширкати чинӣ Юан Ин Ху, дар сессияи МН МО суханрони намуда, захираи умумии кони нуқраи ” Якҷилва ” – ро 113 тонна гуфт ва ҳар соле то 40 т. истихроҷ карда мешавад. Суоле ба миён меояд, агар захира 113 тонна бошад, чаро 7 – солу 18- сол, дар се сол 40 тоннагӣ истихроҷ шавад ҳатто аз 113 тонна зиёдтар 120 тонна  истихроҷ карда мешавад.

Лекин аз рӯи маълумотҳои идораи геологӣ, воситаҳои ахбори омма хабар медиҳад, ки захираи кони нуқраи ” Якҷилва ” 205 – тонна аст. Ҳукумати ВМКБ, бо эътироз захираи кони нуқраи ” Якҷилва ” – ро 415 – тонна эълон мекунад.Чаро? Оиди захираи кони зикр шуда, маълумотҳо гуногунанд, кадоми онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст. Дар шартнома оиди захираи он чизе гуфта нашудааст, ки ин муаммои дигар аст. Баъзе масъалаҳо нокушода, пӯшида боқи мемонад. Мисол, кони нуқраи ” Якҷилва ” бе ягон намуди арзиш, комилан ба ширкати чинӣ дода шуд. Танҳо вазифадор карда шудааст, ки барқ гузаронанд.ва партовгоҳ созанд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, сохтани партовгоҳ ба сифр баробар аст. Ба ширкати чинӣ, ҳуқуқ дода шудааст, ки ашёи хоми (консентрат) – и нуқраро бо пуррагӣ ба мамлакати Чин, содир ва дар дохили он коркард кунанд. Дар натиҷа, миқдори нуқраи истеҳсол шуда номаълум мемонад, ба замми он, бо маъдани нуқра якҷоя, дигар маъданҳои ҳамраҳи буданаш мумкин аст. 

Геологи машҳури кишвар Зуҳур Ёров, мегӯяд, ки дар таркиби ашёи хоми нуқра, синк ва қурғошим дорад. Аз рӯи маълумотҳои Зуҳур Ёров, дар наздикии кони нуқраи “Якҷилва”, дигар маъданҳои ранга ва қимматбаҳо воқеъ аст, ки ширкати чинӣ бо маблағгузории кам мехоҳад, даромади зиёд ба даст биёрад. Чиниҳо, фасодзада ва бе дарвоза будани Тоҷикистонро кайҳо эҳсос кардаанд.

Ба замми ҳамаи ин канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, боз Тоҷикистон, дорои бузурги захираҳои обӣ, нерӯи барқи арзон, гарми ва равшании офтоб, замини ҳосилхез… дорад. Вале миллат дар сатҳи пасттарини рушди иқтисодиёт, нафақа ва моҳонаи пасттарин, аз ҷумла моҳонаи пасттарини кормандони маорифу тандурустӣ, андози баландтарин, ҷарима бандии доимӣ, тарс, қуллаи баландтарини зулм ва истибдод, миллатро ба монанди торҳои тортанак печонида гирифтааст. Чи бояд кард? 

Ман ҳамчун як шаҳрванди қатории Тоҷикистон пешниҳод менамоям:    

– оиди истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, боигарии табиӣ ва маблағгузори минбаъд ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Туркия ва монанди инҳо шартномаи баробари баста шавад, то ки нияти ғасби боигарии табиӣ ва қаламрави ҷумҳуриро надошта бошанд. Агар масъулин ва миллат, дар ин мавзӯъ, фикру андешаи худро иброз медоштанд хело хуб мешуд.

Аҷаб Ҳукумате дорем, раиси он Эмомалӣ Раҳмон, ба баровардани ашёи хом эътироз мекунад ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш медиҳад, ки баровардани ашёи хомро манъ намоянд. Вале бо гузашти зиёда 8 – моҳ Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба баровардани куллӣ ашёи хоми кони нуқраи “Якҷилва” ба МН МО барои баррасӣ шартномае, оиди додани ин конро ба ширкати чинӣ пешниҳод менамояд ва депутатҳо, дар ҷаласаи худ бо як тан, овоз медиҳанд. Вале оиди ин масъала сиёсатмадорони оппозитсиюн, иқтисоддонҳо, ҳуқуқдонҳо, равшанфикрҳо ва шабакаҳои иҷтимоии воситаҳои ахбори омма  овоз баланд мекунанд. Боз раисҷумҳур Эмомали Раҳмон, дубора баровардани ашёи хоми маъданро манъ мекунад. Суол ин ҷост, ки ин супориш ба кони нуқраи “Якҷилва” дахл дорад, таъсир мерасонад ё на?

Ман ба хулоса омадам, ки дар зери коса нимкосае ва ё сирре пӯшида аст, ки аз он миллат огоҳи надорад. Ҳар сирри пинҳоние бо гузашти вақт ошкор хоҳад шуд. Муҳтарам масъулин ва вакилон ин амалкарди Шумо бо баробари ғорати боигарии табиӣ, буҷа ва дар умум ғорати миллат аст! 

Муаммои ” ТАЛКО”: – фурухта шуд ва ё аз тарафи ширкатҳои чинӣ тасарруф…? 

Заводи алюминбарории ТадАЗ, ҳоло ТАЛКО аз 31 – уми марти соли 1975 корро оғоз карда, солҳои 1988 – 1989 то 457 000 тонна алюминийи аввалия истеҳсол мекард, 98% – и онро содир менамуд ва 2% – и он дар дохилӣ кишвар коркард мешуд.              

Дар давраи Шуравӣ заводи алюминбарории тоҷик 40 – 45% – и истеҳсоли маҳсулоти дохилии кишварро ташкил менамуд. Агар пас аз бозсозии ду корхонаи алюминбарори ва як корхонаи навбунёд, ба дасти ширкатҳои чинӣ гузарад, ба замми он, конҳои тилло ва нуқраи дар боло зикр шударо ҷамъ намоем, 60 то 70% – и истеҳсолоти саноатӣ дар дасти ширкатҳои чинӣ кору фаолият мекунад… 

Соли 2005 дар воситаҳои ахбори омма, хабаре нашр шуда буд, ки аз лиҳози бо нархи баланд ворид намудани гилхок, заводи алюминий 220 млн. доллар зарар овард. Яъне, дар  ҳар як тоннаи истеҳсоли алюминийи аввалия то 100 доллар зарар дида аст.

Вале аз рӯи маълумотҳои ба даст овардаи ИМА, соли 2010, аз маълумоти Wikileaks, қисми асосии даромади  давлатии заводи алюминбарории ширкати ” ТАЛКО ” аз тарафи масъулин ба ширкатҳои офшорӣ фиристода шуда, қисми ками он ба буҷаи давлати ворид мешавад. Ин масъалаи мудҳиш, то ҳол ҳалли худро наёфтааст ба бонкҳои офшори фиристодани маблағ давом дорад.

Заводи алюминбарории тоҷик дилу ҷигари миллат аст. Истеҳсоли асосӣ, алюминийи аввалия буда, боз дигар маҳсулотҳои муҳими иқтисодиро ба монанди: содаи каустикӣ, криолит, фториди алюминий, профилҳои алюминий, ( аз профилҳои алюминийи дару тиреза то конструксияҳои металии сахт ) зарфҳои таомии гуногун бо миқдори то 4 млн. дона дискҳои алюминии автомобилҳо, маводи шустушуйи бароварда мешавад. Соли 1999 бо кооператсияи Белорусӣ сехи васлкунии мототсикл ва велосипед ба кор дароварда шуда буд. Ҳамаи намудҳои маҳсулоти талаботи истеҳсол шаванда зиёда 70 намуд мебошад. Боз заводи ” ТАЛКО ” якчандто корхонаҳои алоҳидаро ҳам дарбар мегирад. Аз ҷумла корхонаи коркарди антратсит, корхонаи сементбарори,  корхонаи ” Ноқили Талко ” маҳсулоти кабели ва сим, ки 40 намуд аз 35 мм² то 600 мм² – ро истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ноқили, ҳам дар дохилӣ кишвар истифада намуда ва ҳам ба хориҷи кишвар Узбекистон, Афгонисон ва Покистон содир карда мешавад. Дар Ёвон корхонаи коркарди фториди алюминий ва криолит сохта шуда истодааст. Корхонаи ” Талко Голд “, дар вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, кони Кончоч (Чулбаи, Кончоч ва Шахкон) дар асоси шартномаи байни ҷамъияти аксионерии “Ширкати алюминии тоҷик” ва ҷамъияти аксионерии чинӣ “Ширкати саноати кӯҳии Тибет ХУАЮЙ” ба истеҳсоли тилло ва сурма огоз мекунад, саҳмияи ин кон баробар яъне 50% – и тақсим шудааст.

Собиқ сафири  Чин дар Тоҷикистон, Юе Бин, рӯзи дуюми декабри соли 2019, дар маркази тадқиқоти стратегӣ, дар суханронии худ, эълон намуд, ки заводи алюминбарории ” ТАЛКО “, бо сармоягузории зиёда аз ним миллиард доллар, бозсозӣ ва як корхонаи замонавии муштараки Чину Тоҷикистон сохта мешавад, ин ҳамкориро ба манфиати ду кишвар номид. Вале дар шартнома чунин нест. Суоле пайдо мешавад, ки ҳоло ӯ намояндаи Вазорати хориҷии Чин ва ё ширкати ” China Machinery Engineering Corporation” (CMEC) дар кадом масъулият баромад кард. Чаро масъулияти имрузаашро эълон нанамуд? Чаро худи сарвари ширкат Ҷанг Чун, иштирок надошт. 

Юе Бин, дар идомаи суханронии худ, иброз медорад,ки корхонаи муштарак, ба манфиати ҳарду ҷониб буда, пеш аз ҳама ташкили ҷои корӣ, фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда аз тарафи ширкати чинӣ ва фоидаи даромади андозҳо ба буҷаи давлатӣ Тоҷикистон аст. Ӯ исбот карданӣ шуд, ки дар ин шартнома, на танҳо Чин, балки Точикистон низ фоида ба даст меорад. Вале ӯ ба ҷуз андоз барои Тоҷикистон чизи дигаре нагуфт. Оиди саҳмияи тарафи Тоҷикистон, чанд фоизи он, сухане накард…Дар  бораи коргарон ҳам, ӯ шарҳ надод, ки тақсими коргарон байни ду тараф чи гуна аст. 

Сарвари ширкати СМЕС Ҷанг Чун, оиди азнавсозии ду корхонаи, дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС ба анҷом нарасида хабар медиҳад. Ин корхонаҳо дар ду марҳила ва дар тӯли ду сол ба охир расонда мешавад. Ба гуфти Ҷанг Чун, давлати Чин вазифадор аст, ки таҷҳизоти муосирро сари вақт расонад ва ҷо ба ҷо васл намояд. Барои азнавсозии ин ду корхона ва як корхонаи нав 545 млн. доллар аз тарафи ширкати чинӣ СМЕС маблағгузори карда мешавад. Пас аз пурра ба кор даромадани корхонаи нав иқтидори ТАЛКО  ба 503 000 т. итеҳсоли солонаи алюминийи аввалия расонда мешавад, то 1100 нафар коргарон ба кор таъмин карда мешавад, дар умум сафи коргарон ба 12000 нафар расонда мешавад. 

Дар маълумот омадааст, ки пас аз 8 – соли корӣ, корхонаи нав ба ихтиёри ТАЛКО  мегузарад. Магар корхонаи нави муосир, корхонаи ТАЛКО нест? Дар корхонаҳои аз навсозишуда барқ нисбати имрӯза ду маротиба кам истифода бурда мешавад, аз ҷиҳати экологӣ беҳтар гардонида шудааст. Ин нишондодҳо дар оянда…

Заводи бузурги номдори алюминбарории ТАЛКО аз 457 000 тоннаи солҳои 1988 – 1989, дар 9 моҳи аввали соли 2018, ҳамагӣ 72,5 000 тонна алюминийи аввалия истеҳсол карду халос. Хумдонҳои гидролизӣ бо камбудии неруйи барқ то 50% бо пуррагӣ фалаҷу фарсуда ва қисми боқимондаи он ба ҳолати садамавӣ дучор шудаанд. Ана ҳамин ҳолат яке аз сабабҳои ба ширкати чинӣ фурӯхтани он. Сабаби асосиаш касри буҷаи 2019 ва 2020 аст… 

Дар интиҳо ду пешниҳод дорам:

– Аз МН МО ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон талаб мекунам, тамоми имтиёзҳои андоз, боҷи гумрукӣ ва барқ бекор карда шавад. Яъне адолати иқтисодӣ – иҷтимоӣ барқарор карда шавад;

– Дар кулли саноати кӯҳӣ ва заводи алюминийи ТАЛКО  зиёда 90% коргарон аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шавад. 

Ёқубов Дадоҷон

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular