Афви Байналмилал (Amnesty International), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост мақомоти кишвар рӯзноманигор Далер Шарифовро бидуни қайд ва фавран озод кунанд.
Дар номае, ки ин созмон бонуфуз ба номи Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз 13-уми феврал нашр кардааст, гуфта мешавад, “Далер Шарифов ҳеч ҷинояте содир накардааст ва танҳо тавассути навиштаҳои интиқодиаш, аз ҳаққи озодии баён истифода кардааст”.
Афви байналмилалӣ аз созмонҳои дигар ва ҳамаи онҳое, ки нисбат ба сарнавишти рӯзноманигорӣ боздоштшуда бетафовут нестанд, даъват кардааст, бо талаби озодии Далер Шарипов ба раисҷумҳури Тоҷикистон нома бифиристанд
Ин созмон ҳамчунин изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин рӯзноманигор метавонад дар боздоштгоҳ зери шиканҷа қарор гирад ва аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ҷиҳати дастрасии вакили муддофеъ ба Далер Шарифов чора биандешад.
Қаблан ҳам чанд созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳомии рӯзноманигорон аз қабили Кумитаи норвегии Ҳелсинки, Созмони Авфи Байналмилал ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон бо нашри як баёнияи муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд кафолат диҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) низ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, рӯзноманигор Далер Шарифовро бе таъхир раҳо карда, бу ӯ иҷоза диҳанд, бидуни ҳеч гуна мамониат ба фаъолияти худ идома диҳад.
Ҳамчунин масъули бахши озодии матбуотии САҲА, ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, даҳҳо журналист низ бо пахши баёнияву изҳорот ва нома ба мақомот хостори озодии Далер Шарифов шуда буданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

