Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶойивазкунии кадрҳо ва “парвоз”-и бародари Шамсулло Соҳибов

Ҷойивазкунии кадрҳо ва “парвоз”-и бародари Шамсулло Соҳибов

Рӯзи 14-уми феврали имсол дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар тағйироти кадрӣ ва ё, ба гуфтаи мунтақидон, “ҷойивазкунии кадрҳо” сурат гирифт. Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Ширин Исматуллозода муовинони нави сарвазир таъин шудаанд.

Гулмаҳмадзода пештар дар мансаби раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

Бародари домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов ва ҷияни домоди калониаш Маҳмадзоир Соҳибов – Зайнулло Маҳмадулло Шарифзода (Соҳибов) директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз президенти Тоҷикистон барои аз мансаби муовини аввали додситони кул озод кардани Ҳотам Назарзода ризоят додааст. Сабаби ин тасмимро “ба кори дигар гузаштан” гуфтанд.

Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов низ аз мансаби муовинони додситони кул озод шудаанд.

Ҳоло номзадии Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба мақоми муовини аввал ва Дилшод Талбакзода ва Абдураҳим Раҳимзода ба мақоми муовинони додситони кул ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод шудааст. Палатаи болоии порлумон бояд номзадии онҳоро тасдиқ кунад.

Рӯзи ҷумъа додситонҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино иваз шуда, дар додситониҳои чанд ноҳияи дигар тағйирот сурат гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular