Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Road & Bridge Corporation) бидуни сабқат ва ё тендер масъули сохтмони долонҳои зидди тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ таъин шудааст. Ин ширкат аз соли 2006 то 2009 роҳи Душанбе-Чаноқро сохта буд. Соли 2017 дар пайи фаромадани тарма ва ҳалокати шаш нафар як комиссияи вижаи ҳукуматӣ ошкор кард, ки галерея ё айвонҳои муҳофизатӣ дар ин қитъаи роҳ аз нақшаи пешбинишуда кӯтоҳтар сохта шудаанд.
Зафар Раҳимов, муовини мудири Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, рӯзи 14-уми феврал, пас аз як нишасти хабарӣ дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо назардошти таҷрибаи корияш дар ин роҳ, ҳукумат сохтмони долонҳоро ба ширкати чинӣ вогузор кард”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисон, бо ҳадафи рақобати солим ва шаффофият бояд миёни ширкатҳо озмун баргузор шавад. Дар чунин озмунҳо ширкате ғолиб дониста мешавад, ки бо пули кам ва сифати хуб тарҳро ё хадамотеро иҷро кунад.
Аммо Зафар Раҳимов мегӯяд, “баргузории озмун вақти зиёдро талаб мекард. Ин ширкат, ки таҷриба дошт, ба ӯҳдаи ҳамин гузошта шуд”.
Бунёди долонҳои зидди тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки бо 5 миллион доллар кумаки Покистон сохта мешавад, моҳи июни соли 2019 дар яке аз ҷаласаҳои порлумони Тоҷикистон баҳси доғро бапо кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

