Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВКД истирдоди Хӯҷа-командирро шарҳ дод

ВКД истирдоди Хӯҷа-командирро шарҳ дод

Бо нашри як хабари расмӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон истирдоди Хӯҷа Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқии Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе тасдиқ кард. 

Дар иттилоияи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бегоҳи 17-уми феврал нашри шуд, гуфта мешавад, Хӯҷа Каримовро рӯзи 16-уми феврал ба Душанбе овардаанд. Мақомот ӯро ба “бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон” муттаҳам мекунанд. 

Каримов моҳи июли соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуда буд. 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, агар нисбат ба Хӯҷа Каримов даъвое доранд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон вакили пешини порлумон ва раиси собиқи Федератсияи футболи кишвар Хӯҷа Каримовро ба чандин ҷиноят, аз ҷумла куштору ғоратгарӣ муттаҳам мекунанд. Вай аз соли 2008-ум боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Бино ба хабарҳо, солҳои охир дар Малайзия мезист ва тиҷорат мекард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular