Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФили қоғазӣ

Фили қоғазӣ

Фирори намояндаи ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон аз мунозара бо муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки имрӯз расонаӣ шуд, дар зоҳир як ҳодисаи кӯчак ва кобили тавваҷҷӯҳи ҷиддие нест. Вале дар асл ин фирор баёнгари на танҳо сатҳи саводи сиёсии ҳизби ҳоким, балки сатҳи вазни воқеъии он дар ҷомеъа аст.

Ин фирор танҳо аз донишманде мисли Шокир Ҳамиков – ҳуқуқшиноси тавонон ва дипломати варзида нест, ки ҳизби ҳоким ҳаргиз дар сафаш ё ҳади ақал сатҳи раҳбариаш мисли ӯро надоштааст, балки фирор аз чашмҳои мардум аст, то заъф, нотавонӣ, бесаводии раҳбарият, сохта будани ҳама нишондиҳандаҳои ин ҳизб ва билохира як пуфаки дамкардашуда будани он пинҳон дошта шавад.

Навори машҳуреро, ки баъдан “Бо шапкача намешавад” ном гирифт ба хотир доред? Ин навори чанддақиқаина ҳақоиқи зиёдеро аз ҳизби ҳоким ба намоиш гузошт. Аз даҳҳо нафаре, ки хабарнигор хоҳиш кард ва чанд суол посух диҳанд, ҳатто як нафар пайдо нашуд назди микрофон истода сӯҳбат кунад. Албатта намешавад инро танҳо ба бесаводии кулли ҳамаи вакилони анҷумани ҲХДТ бастагӣ дод, шояд чанд нафар аз онҳо метавонистанд бо хабарнигорон раду бадал кунанд. Сабаби аслии фирор аз хабарнигоронро ҳам яке аз онҳо хоста ё нохоста баён кард: гуфт, ки аз сӯҳбат бо хабарнигорон манъ карданд. Ва суоли асосӣ ҳам ин аст, ки чаро манъ карданд?

Афсонаи “Ҷодугари шаҳри зумурадгун”-ро хондаед? Дар он Гудвини ҷодугар, и худро бисёр бузургу тавоно нишон медод, ҳамаи сокинонро маҷбур ба гирифтани айнакҳои сабз мекард, то ҳама чиз дар назарашон зумурадгун намояду пиндоранд, ки шаҳр аз зумуради холис сохта шудааст. 

Бузургии “пешво”-ву тавоноии ҳизбаш ҳам мисли ҳамин аст. Ба чашми мардум айнакҳои раноранг аз таблиғу таърифу дурӯғ пӯшондаанд, то мардум фикр кунад, ки “пешво” ягонаи олам ва ҳизбаш пурқудраттарин ҳизб аст, ки ҳеҷ ҳизбу гурӯҳи дигаре ба он ҳатто наздикӣ карда наметавонанд. 500 ҳазо аъзо бо роҳбарии “хирадмандтарини хирадмандон, пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳатто титулаш аз титули Гудвини ҷодугар дарозтару воҳиманоктар аст. 

Ҳамаи олимони Академеяи улум ва дигар марокизи илмӣ, муаллимони донишгоҳҳо, профессорону докторҳо аъзои ин ҳизбанд. ба парлумон ҳам чанд олим ва устоди донишгоҳро пешбарӣ кардаанд, тамоми аъзои ҳукумат ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ ба ин ҳизб таъаллуқ доранд, аммо аз ин артиши бузурги олимону сиёсатмадорон як нафар пайдо намекунанд, ки биёяд бо Шокирҷон Ҳакимов баҳс кунад. 

Дар ҳоле, ки тамоми участкаҳои интихоботиро куллан ғасб кардаанд ва имкони бо тақаллуб 120% овоз гирифтан ба ҳизбашонро доранд, аммо ба як ҳизби кӯчаке, ки қаблан 8000 аъзо дошту ҳоло баъди фишору ҳабсҳо шояд 3000 ҳам надошта бошад, садҳо монеъа эҷод мекунанд, то натавонад тарғиботи интихоботӣ барад. 

Медонед чаро? Зеро агар тамоми донишмандонро муқобили як нафар ҷамъ кунӣ, вале онҳо сиёҳро сафед, фақрро сериву пурӣ, харобиро ободӣ, дуздиро саховат, хиёнатро садоқат номанд, наметавонанд пирӯз шаванд. Баръакс, ин як нафар рақибашон метавонад ба мардум нишон диҳад. ки метавон айнакҳоро аз чашм гирифт ва ҳаиқатро дид. 

Ин буд, ки Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳаиту Саидумар Ҳусайнӣ ва даҳҳои дигарро зиндон карданд, ҲНИТ-ро бастанд, ними мардуми кишварро террористу ифротӣ эълон карданд, то айнакҳои чашми мардум боқӣ монад. 

Ин аст, ки аз мунозира фирор мекунанд. Як артиши 500 ҳазор нафарӣ 1 нафарро пайдо карда наметавонад, ки дар муқобили Шокирҷон Ҳакимов ба майдон оварад. 

Як фил бо номи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз як мӯрча бо номи Ҳизби сотсиал-демократ фирор мекунад. 

Зеро фил қоғазӣ аст.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular