Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПаймони миллӣ аз мардум даъват кард ба ҲСДТ овоз диҳанд

Паймони миллӣ аз мардум даъват кард ба ҲСДТ овоз диҳанд

Паймони миллии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи оянда дастгирӣ кард. ПМТ аз шаҳрвандон “чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар” даъват кард, “дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба Ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) овоз диҳанд.

Дар баёния гуфта мешавад, ҳарчанд “дар кишвар барои интихоботи озод ва шаффоф ҳеч гуна шароит вуҷуд надорад ва мақомот натиҷаҳои интихоботро ба манфиати худ, бар хилофи натоиҷи воқеӣ, тағйир медиҳанд ва тақаллуб мекунанд”, “иштирок дар интихобот гоми муҳимме ҷиҳати масъулиятшиносии сиёсӣ ва камоли миллат хоҳад буд” 

Матни пурраи баёния ба шакли зер аст:

Баёнияи Паймони миллии Тоҷикистон дар бораи дастгирии ҲСДТ

Паймони Миллии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар даъват мекунад, ки дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба Ҳизби Сотсиал – Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) овоз диҳанд. Имрӯз ҲСДТ ягона ҳизби опозитсионии расмӣ дар дохили кишвар аст, ки намояндагони он дар парлумони ҷадид, метавонанд садои ҳар як интихобкунанда бошанд ва дар назди қонун ва мардум ҳисобот диҳанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин бовар аст, ки интихобкунандагон ва ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеъ ва манофеи онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳаққи қонунии ташкили ҳукумат ва сохторҳои ҳокимиятро доранд; зеро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст.

Аз нигоҳи ПМТ интихобот василаи зарурии қонуниест, ки мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи он метавонанд дар ташкили ҳукумат ва интиқоли осоиштаи қудрат ширкат кунанд.

Мо огоҳем, ки имрӯз дар кишвар барои интихоботи озод ва шаффоф ҳеч гуна шароит вуҷуд надорад ва мақомот натиҷаҳои интихоботро ба манфиати худ, бар хилофи натоиҷи воқеӣ, тағйир медиҳанд ва тақаллуб мекунанд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, мо итминон дорем, ки ҳатто дар чунин шароити нобаробар, иштирок дар интихобот гоми муҳимме ҷиҳати масъулиятшиносии сиёсӣ ва камоли миллат хоҳад буд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

Варшава

20.02.2020

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular