Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистону Қирғизистон ба табодули 23 ҳектор замин тавофуқ карданд

Тоҷикистону Қирғизистон ба табодули 23 ҳектор замин тавофуқ карданд

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар дар шаҳри Баткен нишасти комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оиди нақшгузории марз баргузор гардид ва ҷонибҳо ба тавофуқи аввалия расиданд.

Дар нишасте, ки бо раисии ноибсарвазирҳои Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Акрам Мадумаров баргузор шуд, бори аввал ду кишвар ба тавофуқ расиданд дар заминҳои баҳсӣ 23 ҳектор замиро байни ҳам табодул кунанд. 

“Ҳамин тавр, мешавад гуфт, ки баҳсҳои дурударози ду кишвар бар сари заминҳои марзӣ ба нуқтаи сифр бурда шуд – иттилоъ медиҳад Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат. – Ними заминҳои табодулшаванда ва Тоҷикистон ва ними дигар ба Қирғизистон таъаллуқ дорад”. 

Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст аз кадом қитъаҳои замин сӯҳбат мешавад. 

Дар нишаст ҷонибҳо ҳамчунин протоколи ҳамкории минбаъда дар заминаи нақҳгузории марзҳоро имзо карданд. Нишасти навбатии ноибсарвазирҳо охири моҳи марти оянда баргузор хоҳад шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular