Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон парвозҳо ба Эронро қатъ кард

Тоҷикистон парвозҳо ба Эронро қатъ кард

Парвозҳо байни Эрону Тоҷикистон бинобар шуйӯъи вируси коруно бо истибкори ҷониби Тоҷикистон аз имрӯз қатъ шуд. Ду ширкате, ки парвозҳо байни ду кишварро анҷом медоданд, муваззаф шудаанд парвозҳояшонро лағв кунанд.

Ба хотири пешгирӣ аз интиқоли вируси коруно аз Тоҷикистон ба Эрон, ширкатҳои Varesh Airlines-и Эрон ва “Тоҷик Эйр”- Тоҷикистон аз мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон супориш гирифтаанд аз парвозҳои минбаъад худдорӣ кунанд. 

Қаблан бештари ҳамсояҳои Эрон, аз ҷумла Ироқ, Туркия, Гурҷистон, Арманистон, Афғонистон ва Покистон марзҳояшон бо Эронро бастанд. Кувайт, Лубнон ва чанд кишвари дигар парвозҳо ба Эронро лағв карданд. 

Парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон аз пойтахти Тоҷикистон ба Теҳрон ва Машҳади Эрон ду маротибагӣ дар ҳафта анҷом мешуданд.

“Тоҷик Эйр” парвоз анҷом намедиҳад, аммо иҷозаи парвозҳоро дорад. Бинобар ин супориш гирифтааст ва парвоз худдорӣ кунад. 

Гуфтанист, вирус коруно дар Эрон то кунун 47 нафарро мубтало кардааст. Ҳамчунин дар ин миён 12 нафар қурбонӣ шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд ин омори танҳо бистаришудаҳоеянд, ки вазъашон вахим аст ва имкон дорад ҳазорон нафар гирифтори коруно бошанд.

То кунун се нафар мусофири аз Эрон омада дар Туркия, се нафар дар Кувайт, ду нафар дар Лубнон, як нафар дар Конодо бо аломатҳои гирифторӣ ба коруно карантин шудаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular