Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи наҷот аз ирсоли гурӯҳҳои қотили амниятӣ ба кишварҳои хориҷ иттилоъ дод

Кумитаи наҷот аз ирсоли гурӯҳҳои қотили амниятӣ ба кишварҳои хориҷ иттилоъ дод

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз ирсоли гурӯҳҳое аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ ба хотири аз байн бурдани рӯзноманигорони фаъол бонги хатар зад.

Дар баёния омадааст ин гурӯҳҳо аллакай “рафту омадҳои ин рӯзноманигоронро зери назар гирифтаанд”.

КШНГЗС бо ибрози нигаронии амиқ, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бахусус Созмони байнулмилалии “Рӯзноманигорони бидуни марз”, тақозо кардааст, “барои таъмини амнияти рӯзноманигорони фаъол дар ин кишварҳо, чораҳои лозимро биандешанд”.

Матни баёнияи Кумитаи наҷот ба шакли зер аст:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) изҳор медорад:

Ахиран, хабарҳое аз чанд манбаъ ба мо расид, ки нишон медиҳанд, мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдан ва ё рабоиши рӯзноманигорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, гурӯҳҳоеро ба ин кишварҳо сафарбар кардаанд.

Тибқи хабари манбаъҳои мазкур, ин гурӯҳҳо муддате аст рафту омадҳои ин рӯзноманигоронро зери назар гирифтаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки ниҳодҳои амниятии Раҳмонов ба фишору таъқиби хонаводаҳои рӯзноманигорони мухолиф дар дохили кишвар қаноат накарда, ба равишҳои ҷинояткорона нисбат ба худи рӯзноманигорон дар қаламрави кишварҳои дигар – ки нақзи ошкори ҳокимияти он кишварҳо ва хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ба шумор меравад – рӯй овардаанд.

Илова бар ин, рӯзноманигорони озод ва мустақилли тоҷик дар дохили кишвар низ бо анвоъи фишору таъқибҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, ки намунаи охири он, боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифов аст.

КШНГЗС бо дар назар гирифтани ин ҳақиқати талх, ки ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2015, асосгузор ва раҳбари Гурӯҳи 24, марҳум Умаралӣ Қувватовро дар Туркия террор кардааст, шадидан нигарон аст, ки он ҳодисаи мудҳиш ин бор дар дигар кишварҳо такрор бишавад.

КШНГЗС зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз ин хабарҳо, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бахусус Созмони байнулмилалии “Рӯзноманигорони бидуни марз”, тақозо мекунад, барои таъмини амнияти рӯзноманигорони фаъол дар ин кишварҳо, чораҳои лозимро биандешанд.

КШНГЗС ҳамчунин ба ВАО-и тоҷик, махсусан расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил, муроҷиат мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз сурат гирифтани ҳар гуна амалиёти нохушоянд барои ҳамтоёни рӯзноманигорашон, қатъи назар аз гароишҳои сиёсии онҳо, дар канори онҳо қарор бигиранд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

24.02.2020

Варшава, Лаҳистон

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular