Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет236 нафари дигар аз карантин раҳо шуданд

236 нафари дигар аз карантин раҳо шуданд

Аз Бемористони сироятии шаҳри Душанбе, 236 нафари дигар, ки пас аз Чин ворид шудан бистарӣ гардиданд, нишонаҳои маризии сироятии “коронавирус” пайдо нашуд ва табибон онҳоро мушаххас намуданд

Бино ба қавли сардухтури беморхонаи мазкур Хуршед Ҳабибзода , вазъияти  ин нафарон хуб буда, дар онҳо нишонаҳои коронавирус дида нашуд ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак дод.

Гуфта мешавад ки айни замон як гурӯҳ нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайрҳои гуногун ба Тоҷикистон омадаанд, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор таҳти назорати карантинӣ қарор доранд.

Тавре муовини Вазири тандурустӣ  Мирҳамиддин Камолзода 21 феврал иттилоъ додааст, шаҳрвандони боқимонда пас аз гузаштани 14 рӯзи карантин, дар ҳолати пайдо нашудани нишонаҳои коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Вале новобаста аз ин ҳолати онҳоро мутахассисони шуъбаҳо  назорат мебаранд.

Воридшавии шаҳрвандон аз Чин ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular