Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҶангҳои хунин дар Нангарҳор идома доранд

Ҷангҳои хунин дар Нангарҳор идома доранд

Тибқи хабарҳои расида дар вилояти Нангарҳори Афғонистон миёни нерӯҳи миллии ин кишвар ва дастаи размандагони Толибон ҷангҳои хунин ба амал омадааст, ки гуфта мешавад, 50 тан аз ҷангандаҳои мухолифони ҳукумати Кобул кушта шудаанд. Таъкид мегардад, ки се нафар аз кушташудагонро раҳбарони Толибон ташкил медиҳанд.

Аммо намояндагони Толибон мегӯянд, талафоти онҳо ин миқдор нест ва раҳбарони созмон ҳам особе надидаанд. Баръакс дар натиҷаи ин даргиро нерӯҳои давлатӣ бештар талафот дидаанд ва муҳимоти ҷангиашон ба поён расида, дар ин авохир мӯҳтоҷи нерӯҳои иловагӣ ва аслиҳаи ҷангӣ гаштаанд.
Мақомоти давлатии Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки таъмини саривақтии артиши миллӣ бо муҳимоти ҷангӣ бо кундӣ идома меёбад ва аз ин боис дар вилояти Нангарҳор ҷангҳо ба дарозо мекашанд. Ин дар ҳолест, ки Толибон дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон низ муваффақ гаштаанд, ки чаҳор ноҳияро зери контрули худ дароранд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Хонобод ҷангҳои хунин идома доранд ва ин ноҳияи низ ҳаммарз бо Тоҷикистон аз даст ба даст мегузарад.
Тибқи иттилои хабаргузориҳо, ду рӯз пеш аз ин дар пайи ҷангҳои шадид размандагони Толибон ноҳияи Хонободи вилояти Қундузро аз итоати нерӯҳои амниятии Афғонистон берун оварда, таҳти тасарруфи худ қарор дода буданд. Мақомоти маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ҷанг байни ду тарафти даргир тақрибан як соат зиёдтар идома карда, дар натиҷа Хонобод суқут кардааст. Хонобод 30 километр дуртар аз шаҳри Қундуз ҷой гирифта, ба қавли сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид размандагон қароргоҳи ҳукумати ноҳия ва идораи пулисро ғасб ва ба миқдори зиёд аслиҳаи ҷангии нерӯҳои амниятии афғонро ба ғанимат гирифтаанд.
Таъкид мегардад, ки айни ҳол Толибон ҷаҳор ноҳияи ҳаммарз ба Тоҷикистони вилояти Қундузро таҳти тасарруф даровардаанд. Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол аз зумраи он навоҳие ҳастанд, ки Толибон назорат мекунанд. Ҳоло нерӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳам фаъол гашта, чанд мавзеи стротегиро таҳти контрули худ даровардаанд. Домана паҳн кардани Толибон дар ҳолест, ки нерӯҳои эътилофи зиддитеррор сар аз соли 2014 аз хоки Афғонистон берун мераванд ва ҳукумати Кобул дар мубориза ба муқобили размандагони ҷангдидаи мухолифони худ даркӯтоҳ мемонанд.

Бунгоҳҳои хабарӣ мегӯянд, ноҳияи Хонобод, ки 20 уми август ба дасти Толибон гузашта буд, баъд аз як рӯз дубора ба итоати ҳукумати марказии Кобул даромадааст ва ҳанӯз байни тарафҳои даргир ҷангҳои хунин идома доранд. Мақомоти маҳаллӣ бо нигаронӣ ба хабарнигон гуфтаанд, ки дар сафи размандагони Толибон размандагони чеченитабор ҳам ҳастанд, ки бо размандагони тоҷику ӯзбак ва дигар миллатҳо дар як саф ба муқобили нерӯҳи амниятии  миллӣ меҷанганд.      
Дар ҳамин ҳол коршиносони умури сиёсии Русия аз таҳлили вазъи пешомада дар минтақа иддао доранд, ки Амрико ба Толибон махсус коридор кушодааст, ки дар навоҳии наздимарзии кишварҳои Осиёи Марказӣ нооромиҳо эҷод кунанд, то ин беназмиҳо ба суботи сулҳ дар ҳамсоякишварҳои Афғонистон Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон муассир бошанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика