Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт иттилооте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Эрон дар бораи вируси коруно, пинҳонкорӣ мекунад. Ў бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ, аз мақомоти Эрон хост то дар бораи ин вирус ҳақоиқро бигӯянд.
Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд мақомоти Эрон рӯйи ҳақоиқе дар бораи вируси коруно, сарпӯш гузоштаанд. Ў гуфта иттилооте дар даст дорад, ки нишон медиҳад ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон, “ҷузиъёти муҳимме” дар бораи шуйӯъи вируси коруно дорад вале ҳозир ба баёни онҳо нест ва пинҳонкорӣ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Пампео, ки рӯзи сешанбе, 25 феврал, дар ҷамъи хабарнигорон дар Вашингтон сӯҳбат мекард, аз ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Эрон хост то дар бораи вируси коруно воқеиятҳоро бигӯянд ва барои миҳор ва муқобила бо ин вирус бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.
Хабаргузори Ассошиэйтед Пресс омори эрониёни фавтшуда дар асари ибтило ба вируси коруноро 15 нафар эълом кард ва навишт, ки ин адад баъд аз Чин, ки маншаи шуйӯъи ин вирус ба кишварҳо буда, болотарин рақам дар миёни кишварҳои олудааст. Ин хабаргузори Эрон ва Чинро ду кишвар мухолиф ва душмани давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида номид.
Вазорати беҳдоштии Эрон то лаҳзаи танзими ин гузориш, охирин теъдоди мубталиён ба вируси коруно дар кишварро 95 нафар ва теъдоди фавтшудагонро 16 нафар эълом кардааст. Ёздаҳ устони Хуросони Разавӣ, Суманон, Исфаҳон, Мозандарон, Гилон, Албурз, Теҳрон, Қум, Марказӣ, Ҳамадон ва Ҳумузгон ба унвони устонҳои олуда ва даргири вируси коруно эълом шудаанд.
Созмони ҷаҳони беҳдошт имрӯз гурӯҳе аз коршиносони худро равонаи Теҳрон кард то зимни баррасии вазъияти олудагӣ шаҳрҳо ва иқдомоти вазорати беҳдошт, густара ва мизони ибтилои мардум ба вируси коруноро арзёбӣ кунад.
Ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, мақомоти давлати Эрон баъд аз он ки яке аз намояндагони маҷлис, муддаӣ шуд, ки 50 нафар дар асари вируси коруно ҷон бохтаанд, қавл дода то дар мавриди иттилоърасонӣ ба мардум дар бораи ин вирус, шаффофияти бештаре дошта бошад.
Аҳмад Амирободии Фароҳонӣ, намояндаи Қум дар маҷлиси Шӯрои исломӣ, 24 феврал шумори қурбониёни вируси коруно дар шаҳри Қумро “ҳудуди 50 нафар” эълом карда ва гуфта буд, ки ин шаҳр аз назари шуйӯъи вируси коруно, вазъияти хубе надорад. Ў амалкарди давлати Ҳасан Рӯҳонӣ дар контроли ин вирусро “номуваффақ” арзёбӣ карда буд.
Вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида имрӯз ҳамчунин ба маҳдудиятҳои иттилоърасонӣ дар Чин ва Эрон ҳам гузаре дошт ва гуфт, ки агар мақомоти ин ду кишвар ба расонаҳо иҷоза медоданд дар раванди иттилоърасонӣ, озодии амал дошта бошанд, метавонистанд дар барномаҳои муқобила ва пешгирӣ аз ин вирус, муваффақ амал кунанд.
Ӯ ба таври мушаххас ба Чин ишора кард ва гуфт: “Агар Чин ба кодри пизишкии худ иҷозаи таҳқиқоти озод медод ва расонаҳои чинӣ ҳам метавонистанд озодона таҳқиқ ва иттилоърасонӣ кунанд, табъан мақомоти Чин ва дигар кишварҳо барои муқобила бо чолиши вируси коруно, омодагии бештаре доштанд ва беҳтар амал мекарданд”.
Оқои Пампео дар ҳамин ҳол аз хабарнигорони хориҷӣ ташаккур кард, ки ахбори марбут ба коруноро иттилоърасонӣ карданд.
Ӯ ҳамчунин дар мавриди шуйӯъи ин вирус дар Амрико гуфт, ки барномаи карантини афроди машкук ба ибтилоӣ ба ин вирус дар Иёлоти муттаҳида анҷом шудааст ва агар лозим бошад “иқдомоти муносиб”-и бештаре ҳам анҷом мегирад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

