Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭрон: Беш аз 140 мубталои коруно. Барномае барои карантин нест

Эрон: Беш аз 140 мубталои коруно. Барномае барои карантин нест

Шумори кушташудагон бар асари вируси коруно дар Эрон ба 19 нафар расид ва беш аз 140 нафар ба ин вирус олуда шуданд. 

Каёнваш Ҷаҳонпур, мудири равобити умумии вазорати беҳдошти Эрон дар бораи охирин омори мубталиён ба вируси коруно дар Эрон гуфт: Теъдоди 139 нафар ба кууед 19 мубтало шуданд ва аз ин миён 19 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 

Ҷаҳонпур бо эъломи ин ки дар 24 соати гузашта 44 мубталои ҷадид шиносоӣ шудааст гуфт: 15 нафар дар Қум, 9 нафар дар Гилон, 4 нафар дар Теҳрон, 3 нафар дар устони Ҳузистон, як нафарӣ дар устонҳои Марказӣ, Кирмоншоҳ, Суманон, Ҳумузгон, Ардабил, Мозандарон ва Лорстон, 2 нафарӣ дар Систону Балучистон ва 2 нафар ҳам дар устони Форс ҷадид шиносоӣ шуданд. 

Баъадн аз даргузашти чанд нафари дигар эълом шуд.

Раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат эълом кард ин кишвар барномае барои таътилӣ ва ё карантин кардани шаҳрҳо надорад. 

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат ин кишвар гуфт: Ҳеҷ тасмиме барои карнтини маҳалл ё шаҳре матраҳ нест ва мардум ба шойеъот таваҷҷуҳ накунанд. 

Ба гузориши Маркази иттилоъасонии давлати Эрон, Рӯҳонӣ дар бораи тасмим барои таътилӣ изҳор дошт: Тасмимгирӣ дар мавриди таътилӣ ва ё эҷоди ҳар гуна маҳдудият ба хотири коруно бо ситоди миллии мубориза бо коруно аст. 

Вай эълом кард: Албатта барои убур аз ин масъала мумкин аст ба як, ду ва ё се ҳафта замон ниёз дошта бошем. 

Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ин кишвар китҳои ташхис коруноро сохтааст, гуфт: “Имруз ҳам гузорише дарёфт кардам, ки китҳои ташхисро, ки аз хориҷ ва аз тариқи Созмони беҳдошти ҷаҳонь (WHO) ворид мекардем, ки албатта ҳамчунон ба раванди он идома медиҳем – тавассути мутахассисини дохилӣ мо ҳам ин кит тавлид шуда ва дар ҳоли озмоиш аст. Ҳамаи мароҳили аввалияи ин китҳо мусбат ва қобили қабул будааст ва дар ниҳояти зарфи имрӯз ва фардо, ки ба таъйид ниҳоӣ расида метавонем дар зарфмуддати кӯтоҳ садҳо ҳазор кит, ҳатто миллионҳо аз ин китро тавлид кунем ва дар ихтиёри ҳамаи бемористонҳои кишвар қарор диҳем, ки мардум хаёлашон роҳат бошад, агар мавриде, шаке ва тардиде вуҷуд дорад ба роҳатӣ пизишкони азизи мо битавонанд ба ташхиси ниҳоӣ бирасанд.” 

Гуфтанист, 19 феврал марги ду нафар бар асари ибтило ба вируси коруно дар шаҳри Қум дар Эрон таъйид шуд. Рӯзи баъд вазорати беҳдошти Эрон ибтилои 5 нафарро ба ин вирус таъйид кард. Дар ин миён раиси донишгоҳи улуми пизишкии Қум дар таърихи 1 феврал вуруди коруно ба ин шаҳрро такзиб карда буд. 

21 феврал, теъдоди қурбониёни вируси коруно дар Эрон ба 4 нафар расид ва омори мубталиён низ 18 нафар эълом шуд. Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард маркази шуйӯъи ин беморӣ шаҳри Қум аст ва ҳамаи афроди даргир ё аз аҳолии ин шаҳр буданд ё ба он сафар доштаанд. 

Баъди аз як ҳафта аз тайъиди вуруди вируси коруно, дар таърихи  25 феврал теъдоди қурбониён ба 15 нафар расид. Дар Эрон илова бар устони Қум, устонҳои Марказӣ, Теҳрон, Мозандарон, Гилон, Форс, Ҳумузгон, Хуросони разавӣ, Суманон, Албурз, Систону Балучистон, Ардабил, Луристон, Ҳузистон, Ҳамадон ва Кирмоншоҳ даргири шуйӯъи ин беморӣ ҳастанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular