Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиносномаи кӯҳнаи Эмомалӣ Раҳмон баҳсбарангез шуд

Шиносномаи кӯҳнаи Эмомалӣ Раҳмон баҳсбарангез шуд

Субҳи дирӯз  1-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои раъйдиҳӣ ба қитъаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рафтааст.

Бино ба хадамоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байнулмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ “ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда” овоз додааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ чанд аксҳое ҳам аз рафти ба қайдгирии ҳузури раисҷумҳур ба қитъаи интихоботӣ паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, шиносномаи раисҷумҳур, намунаи куҳнаи шиноснома аст. 

Сару садоҳое ҳам зиёд буданд, ки чаро худи раисҷумҳур худаш то ба ҳол шиносномаашро иваз накардааст. Вале фармонаш кайҳо содир шуда буд, ки бояд шаҳрвандон шиносномаи худро бо шиносномаи намунаи АйДи ё худ плостикӣ иваз кунанд. Чаро худи раисҷумҳур, ки худ шаҳрванди Тоҷикистон ва кафили қонунмеҳварии кишвар аст, худаш ба амру қонунҳои кишвар арҷ намегузорад ва иҷро намекунад.

Ёдовар мешавем, ки санаи 9-уми феврали соли 2019  Эмомалӣ Раҳмон, қарореро имзо кард, ки бар асоси он афроде, ки шиносномаҳои пластикии навро надоранд, бояд санади нав бигиранду симкортҳои худро дигарбора сабт кунанд. 

Бо ин қарор раиси ҷумҳур ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт ва сабти дигарбораи симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чора андешад. 

Коршиносон гуфтанд, ки ҳеҷ зарурат барои нав кардани шиноснома ва сабти дубораи симкортҳо набуд ва ҳадафи мақомот ҷамъоварии маблағ аз роҳи иваз кардани шиносномаҳо мебошад.  Вазорати корҳои дохилӣ ҳам чандин бор эълом кард, ки ин амр иҷроношуданӣ аст, чун ингуна шароити дар муддати муайяншуда, додани шиноснома ба тамоми шаҳрвандонро вазорат надорад. Ахиран,  Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки иҷрои талаботи ин амр ба таъхир андохта шавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular