Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВируси коруно; Узбекистон маразшро бо Афғонистон баст

Вируси коруно; Узбекистон маразшро бо Афғонистон баст

Мақомҳои Афғонистон мегӯянд Узбекистон ва Покистон гузаргоҳҳои марзиашонро бо Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи бемории коруно бастаанд. 

То кунун дар Афғонистон як мавриди мусбати вируси коруно ва дар Покистон чаҳор мавриди мусбати ин беморӣ сабт шуда аммо ҳеҷ мавриде аз ин вирус дар Узбекистон дида нашудааст. 

Нуруддин Рауфӣ, масъули бандари Ҳайратон, марзи миёни Афғонистон ва Узбекистон ба Бибиси гуфт марзбонони Узбекистон бидуни ҳамоҳангӣ шаби гузашта марзи миёни ду кишварро бастаанд. 

Ӯ мегӯяд, ки Узбекистон пазируфта, ки интиқоли амволи тиҷоратӣ аз тариқи хатти оҳан ва киштии байни ду кишвар идома дошта бошад аммо убур ва мурур аз тариқи пули Ҳайратон комилан мутаваққиф шавад. 

Рӯзи гузашта сафорати Покистон дар Афғонистон низ эълом кард, ки аз имрӯз барои як ҳафта марзи Чаман, яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни ин ду кишварро хоҳад баст. 

Далели ин кор ҷилавгирӣ аз интишори вируси коруно дар ду тарафи марз унвон шудааст. 

Ин гузаргоҳ дар марзи ду кишвар дар Иёлати Балучистони Покистон ва вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон қарор дорад. 

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Қандаҳор баста шудани ин марзро таъйид кардаанд. 

Ба гуфтаи мақомот, дар 5 рӯзи гузашта ҳарорати бадани 10 ҳазор мусофир дар марзи Чаман андозагирӣ шудааст. 

Ин гузаргоҳ ба далели ин, ки яке аз роҳ‎ҳои транзитии Покистон ба Осиёи марказӣ аст ва ба хотири ин, ки аз ин гузаргоҳи рӯзона ҳазорон нафар рафту омад мекунанд, аз аҳамияти болое бархурдор аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular