Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон таъйид карданд, ки дар вулусволии Наҳрисироҷи вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон ба ҷангҷуёни Толибон ҳамлаи ҳавоӣ кардаанд.
Санни Леггет, сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон имрӯз (чаҳоршанбе 4 март) дар твиттер гуфта, ки ин нахустин ҳамла ба Толибон дар ёздаҳ рӯзи гузашта будааст.
Раванди коҳиши хушунатҳо барои заминасозии имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон аз таърихи 22 феврал оғоз шуд.
Бо ин ҳама, рӯзи душанбе ва ду рӯз пас аз имзои ин тавофуқнома, Толибон эълом карданд, ки раванди коҳиши хушунат поён ёфта ва ҳамалоти ин гурӯҳ алайҳи нерӯҳои давлати Афғонистон аз сар гирифта хоҳад шуд. Толибон гуфтаанд, ки нерӯҳои хориҷиро ҳадаф ҳамла қарор нахоҳанд дод.
Аскот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар вокуниш ба ин мавзеъгирии Толибон гуфт, гурӯҳи Толибон бояд сатҳи хушунатҳоро поин нигаҳ дорад.
Сарҳанг Леггет гуфтааст ҳамлаи ҳавоии имрӯз дифоъӣ буда ва ба ҳадафи мухтал кардани ҳамлаи ҷангҷуёни Толибон ба посгоҳи нерӯҳои амниятии афғон сурат гирифтааст.
Ӯ гуфта, ки Толибон дар 24 соати гузашта ба 43 ҳамла алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон даст задаанд ва афзудааст, ки нерӯҳои хориҷӣ дар суратӣ ниёз аз нерӯҳои давлатӣ, ки муттаҳидонашон ҳастанд, дифоъ хоҳанд кард.
Вай гуфтааст, ки раҳбарони Толибон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки ҳамалоташонро коҳиш медиҳанд ва нерӯҳои хориҷӣ аз Толибон мехоҳанд, ки ба ин тааҳҳудашон пойбанд бошанд.
Ӯ гуфта, ки ба сулҳ мутааҳҳид ҳастанд, аммо масъулияти дифоъ аз нерӯҳои амниятии афғонро низ доранд.
Толибон то кунун дар мавриди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ чизе нагуфтааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

