Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни коруно дар Эрон ба 92 нафар расид

Шумори қурбониёни коруно дар Эрон ба 92 нафар расид

Вазорати беҳдошти Эрон шумори қурбониёни вируси коруно дар ин кишварро 92 тан эълом кард. 

Каёнваш Ҷаҳонпур, мудири равобити умумии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар бораи охирин омори марбут ба шуйӯъи вируси коруно дар ин кишвар эълом кард: То зӯҳри чаҳоршанбе 4 март теъдоди 2 ҳазору 922 бемори мубтало ба COVID-19 дар кишвар шиносоӣ шуда, ки аз ин теъдод 92 нафар ҷон бохтаанд. 

Вай дар бораи ҷадидтарин мавориди шиносоӣ шуда тавзеҳ дод: Дар 24 соати гузашта 586 мавриди ҷадиди қатъӣ ибтило ба COVID-19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки мутаъиссифона аз ин мавориди ҷадид, 15 тан ҷон бохтанд. 

Вай бо ишора ба афзоиши омори беҳбудёфтагони беморӣ, гуфт: Дар маҷмӯъи 552 тан аз беморон низ беҳбуд ёфтаанд. 

Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи гузашта шумори ҷонбохтагон бар асари вируси коруно дар ин кишварро 77 нафар ва шумори мубталиён ба ин бемориро 2336 нафар эълом карда буд. 

Гуфтанист, 19 феврал марги ду нафар бар асари ибтило ба вируси коруно дар шаҳри Қум дар Эрон таъид шуд. Рӯзи баъд вазорати беҳдошти Эрон ибтилои 5 нафарро ба ин вируси таъид кард. Дар ин миён раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Қум дар таърихи 1 феврал вуруди коруно ба ин шаҳрро такзиб карда буд. 

21 феврал, теъдоди қурбониёни вируси коруно дар Эрон ба 4 нафар расид ва омори мубталиён низ 18 нафар эълом шуд. Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард маркази шуйӯъи ин бемори шаҳри Қум аст ва ҳама афроди даргир ё аз аҳолии ин шаҳр буданд ё ба он сафар доштаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular