Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти валиъаҳди собиқи Саъудӣ ва бародари дигари подшоҳ

Боздошти валиъаҳди собиқи Саъудӣ ва бародари дигари подшоҳ

Рӯзномаи “Уол стрит журнал”-и Амрико гузориш дод, ки Аҳмад ибни Абдулазиз бародар подшоҳ ва Муҳаммад ибни Ноиф валиаҳди собиқи Арабистони саудӣ ва Нуоф ибни Ноиф бародари вай ба иттиҳоми “хиёнат ба ватан” боздошт шудаанд. 

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: манозили афроди мазкур тавассути афроди ниқобдори горди салтанатӣ мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст. 

Дар ин гузориш ба ҷузъиёти бештар ишора нашудааст. 

Мақомоти Арабистони саудӣ низ дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.

Бархе аз расонаҳои арабӣ субҳи имрӯз аз даргузашти подшоҳи Арабистони Саъудӣ малик Салмон хабар доданд, аммо то ҳол ин хабар аз тарафи ҳеҷ расонаи маъруфе  таъйид нашудааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular