Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБонки миллӣ пас аз ду рӯз қурби рублро поин бурд

Бонки миллӣ пас аз ду рӯз қурби рублро поин бурд

Баъди ду рӯзи суқути қурби рубл дар бурсҳои ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон қурби ин асъор нисбати сомониро ҳудуди 5 дарсад поин бурд.

Қурби рубли русӣ рӯзи сешанбе, 10-уми март дар нишондиҳандаи Бонки миллӣ дар сатҳи 0.1413 сомони/1 рубл қарор дошт ва имрӯз, 11-уми март БМТ онро  0.1346р/1с сомонӣ муқаррар кардааст.

Гуфтанист, пас аз афтиши қимати нафт юар бозорҳои ҷаҳон рузи 9 март қурби рубл якбора 15 дарсади қимати худро аз даст дод ва ба 75 рубл/1 доллар расид. Дирӯз, баъди шурӯъ ба кор кардани бурси Маскав рубл бахше аз қимати аздастдодаи худро баргардонд ва дар сатҳи 72 рубл/1 доллар қарор гирифт.

Дар ду рӯзи хомӯшии Бонки миллӣ, бонҳои кишвар қимати хариди рублро 0,128 сомонӣ муқарра карда буданд ва ҳоло то 0,1130 сомонӣ боло рафтааст. Ҳафтаи гузашта ба ивази 1 рубл 0, 145 сомонӣ дода мешуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular