Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоСафари Ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ оғоз шуд

Сафари Ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ оғоз шуд

Дирӯз 21 август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара рафта расиданд.  Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи Масҷиди Набавӣ ҷойгир  шудаанд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 22-юми август ин гурӯҳи ҳоҷиёни мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди «Қубо», масҷиди «Қиблатайн», кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд.
Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара ҳоҷиён ба Маккаи мукаррама сафарбар мешаванд.

Тибқи нақша, сафари зоирони тоҷик то 5-уми сентябр идома мекунад. Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз сафари Ҳаҷ, дар назар аст, ки 17-уми сентябр оғоз шавад.

Қобили зикр аст, ки имсол  наздик ба 6300 нафар аз кишвари мо  тавофи Хонаи Каъба хоҳанд кард.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика