Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМансабдори узви ҲХДТ 40000 ришва гирифтааст

Мансабдори узви ҲХДТ 40000 ришва гирифтааст

Мансабдори давлатӣ ва узви ҳизби Халқӣ демократии Тоҷикистон бо суистифода аз мансаб замини наздиҳавлигиро ба қиммати 40 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Тавре Агентии мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, Саидов Додаржон, ки дар вазифаи танзимгари Идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор мекард, ба як сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаст.

Манбаъ меафзояд, номбурда дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Соҳибов Ашурбой, моҳи январи соли равон ба боварии шаҳрванд даромада, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб намуданд.

Мансабдори давлатиро кормандони агентӣ ҳини гирифтани 40 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд дар ҷойи ҳодиса дастгир намудаанд.

Дар иттилоия омадааст, ки «Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст ва  нисбати Саидов ва Соҳибов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular