Баъди он, ки волидони як хонанда писарашонро аз зиёрати масҷид боздоштанд, мақомоти Олмон қарор содир намуданд, ки мактаббачагони ин кишвар бояд аз масҷид дидан кунанд.
Волидоне, ки фарзандашонро нагузоштанд дар зиёрати масҷид, ки аз тарафи мактаб ташкил шуда буд ширкат кунанд, имкон дорад ба додгоҳ кашида шаванд. Қаблан ин волидон 300 евро ҷарима шуда буданд, вале аз пардохти он саркаҳӯшӣ намуда ба додгоҳ муроҷиъат карда буданд.
Аммо инак вазорати маорифи Кил қарор кардааст зиёрати масҷид барои ҳамаи хонандагони мактаб, ки ба хотири шиносонидани онҳо бо исломи воқеъӣ роҳандозӣ шудааст ҳатмӣ мебошад. Дар ин қарор ҳамчунин зикр шудааст, ки вақте хонандагон ба зиёрати масҷид мераванд, ба ҳеҷ хонандае иҷоза дода намешавад дар дарси дигар ширкат кунад.
“Дар қонуни Олмон дар бораи маълумоти умумии ҳатмӣ ҳеҷ истисное вуҷуд надорад” — гуфтааст раҳбари мактаб Рината Фритсше.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистоне, ки 99 дарсади мардумаш мусалмон аст, рафтан ба масҷид барои кӯдакону наврасони то 18 сола манъ шудааст. Ҳамчунин таълими исломӣ ҳатто дар хона барои кӯдаки тоҷик мамнӯъ мебошад. Аммо дар Олмони насронӣ дар бештари макотиб таърихи ислом омӯзонида мешавад.
Мақомоти Олмон: мактабхонҳо вазифадоранд, ки аз масоҷид дидан кунанд
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.