Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги беш аз 2000 нафар дар Аврупо аз коруно

Марги беш аз 2000 нафар дар Аврупо аз коруно

Тибқи оморҳо ахир ба сабаби вируси коруно то кунун марги беш аз ду ҳазор нафар дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст

Манобеи тандурустии кишварҳои аврупоӣ эълом кардаааст, ки шумори нафарони мубтало ба вируси коруно ба беш аз 47 ҳазор нафар расида  ва аз ин вирус беш аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст .

Бино бар иттилои манбаъ, то кунну бар асари ин вирус 297 нафар дар Испания, 127 нафар дар Фаронса, 35 нафар дар Британия ва 20 нафар дар Нидерландия фавт карданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Аврупо аз марзи 2000 нафар убур кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бар иттилои манбаъ, вазъияти мушкил то ҳол дар Италия мушоҳида мешавад. Мақомоти италияӣ ахиран эълон доштааст, ки дар кишвар марги ҳазору 809 нафар бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Аврупоро конуни нави коронавирус эълом кардааст.

Вируси нав, мавсум ба Ковид-19 авосити моҳи декабри 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш шуд ва акнун ба тамомии нуқоти дунё сироят кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular