Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМуноқишаҳои Русияву Тоҷикистон барои равобити ҳавоӣ «мусбат»ҳал гаштанд

Муноқишаҳои Русияву Тоҷикистон барои равобити ҳавоӣ «мусбат»ҳал гаштанд

Пас аз баҳсҳо дар ин мавзӯъ ду кишвар- Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд ва мушкили пешомадаро дар робита ба парвозҳо аз фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский мусбат ҳал намуданд.

Русия парвозҳоро ба самти Тоҷикистон мамнӯъ нахоҳад сохт. Шералӣ Ганҷализода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи гузашта, 7 уми ноябри соли равон ҳайъати тоҷикистонӣ бо намояндагони вазорати нақлиёти Русия ва дигар алоқамандон дидору гуфтугӯҳо ба анҷом расонида, мушкилро содда сохтааст. Ба гуфтаи вазири нақлиёт, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки қоидаҳои “паритет ё баробарӣ”- ро дар ин самт риоя намоянд.

Тибқи тавофуқи бадастомада ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон низ ҳақ пайдо намудаанд, ки аз фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский ба Душанбеву Хуҷанд парвозҳоро анҷом бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Русия иддао дошт, ки аз ин самт ба низоми яктарафа кор гирад ва ба Душанбеву Хуҷанд ширкати ҳавонавардии миллии “Уралские авиалинии” ба кашондани мусофирон машғул бошад. Аммо Тоҷикистон ба далели он, ки ин низоми яктарафа ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик хисорот ворид хоҳад сохт, аз иҷозат даст кашид ва дар натиҷа вазорати нақлиёти Русия даъво кард, ки дар сурати мусбат ҳал нагардидани ин мушкил парвозҳоро ба самти Тоҷикистон масдуд хоҳад сохт.

Гуфта мешавад, ки фурудгоҳи Жуковский моҳи майи соли равон ба кор шурӯъ намуд ва дар қарибиҳои шаҳри Маскав ҷой гирифтааст. Тибқи шартномаи нави миёни Русия ва Тоҷикистон акнун аз фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский ҳафтае ду маротиба ба самти Душанбеву Хуҷанд парвозҳо ба амал оварда мешаванд ва дар он ширкатҳои тоҷик низ баробар иштирок менамоянд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҳоло парвозҳо ба 4 шаҳри Тоҷикистон ва бештар аз 10 шаҳри бузурги Русия аз тариқи қоидаҳои баробарӣ ба амал оварда мешаванд, аммо аз ҷадвали парвозҳое, ки чанде қабл нашр карда буданд, парвозоҳо аз Маскав ба Кӯлобу Қурғонтеппаро танҳо ширкатҳои русӣ анҷом медиҳанд. Масъалаи “паритет” дар Жуковский ҳам метавонад танҳо протоколӣ бошад, чун шояд ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо саббаи камбуди ҳавопаймо қудрати парвоз дар ин самтҳоро надоранд.

Ҳузури бештар аз 1 миллион нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия бозори мусофиркаширо аз тариқи ҳаво гарм нигаҳ медорад ва бешак иштиҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро кушодааст, ки онҳо мехоҳанд дар ин бозор бештар саҳм дошта бошанд ва суди зиёдтаре ҳосил намоянд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?