Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЮсуф Раҳмон иддао кард бо кишварҳои ИА барои баргадонидани Муҳиддин Кабирӣ музокира...

Юсуф Раҳмон иддао кард бо кишварҳои ИА барои баргадонидани Муҳиддин Кабирӣ музокира дорад

Додситони кулли Тоҷикистон, ки имрӯз назди вакилони баистеъфоравандаи парлумон баромад мекард, дар бораи чораҳое гуфтааст, ки нисбати аъзои созмонҳои дар кишвар мамнӯъ гирифта мешавад.

Юсуф Раҳмон, тибқи иттилоъи хабаргузории Азия Плюс, иддао кардааст, ки ниҳоди зери раҳбариаш барои баргардонидани раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ гуфтугӯ мекунад.

“Мо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои боздошт ва ба Душанбе баргардонидани раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ шинохташудаи Наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ музокираи доимӣ мебарем” — гуфтааст додситони кулл. 

Иддаои музокира бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ҳолест, ки қаблан сафири Олмон дар Тоҷикистон гуфта буд ба Тоҷикистон супоридани паноҳандагон аслан матраҳ нест. Дипломати олмонӣ, аввали соли гузашта дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо истирдоди мухолифонро аз ин кишвар дарсхост кардаанд, аммо кишвараш далел талаб мекунад. «Ман ба мақомоти тоҷик борҳо гуфтам, ки агар дар бораи қонуншикании ин афрод далел дошта бошед, лутфан расонед. Мо месанҷем ва хулоса мебарорем. Аммо қонунӣ будан ё набудани чизеро додгоҳи Олмон маълум мекунад.» 

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳарф мезананд.

Ҳануз 4 сол пеш, санаи 22-юми июли соли 2016  Рамазон Раҳимзода дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки  «мо бо мақомоти Интерпол барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ суҳбат доштем ва ҳамчунин дар бораи боздошт ва истирдоди ӯ  мақомот бо кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ карда истодааст.

Моҳи феврали соли 2017 мудири умури парвандаҳои вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз идомаи гуфтугӯҳо барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода буд.

Ҷамшед Мирзохонзода сеюми феврали соли 2017 дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, таҳқиқоти маҳрамона дар бораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабирӣ идома дорад ва ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Содиқшоҳ Назаров, ёвари ҳуқуқии раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора гуфта буд, ки ба зудӣ Кабирӣ ва дигар афроди таҳти пайгарди ин ҳизб ба Тоҷикистон оварда шуда, назди қонун ва давлат посух хоҳанд дод.

Дар ин маврид худи Муҳиддин Кабирӣ зимни як баромадаш кутоҳ гуфта буд, уву ҳизбаш пешгоҳи қонун ҳеҷ хатое накардаанд, аммо дар масъалаи боздошт ва истирдодаш изҳор дошт, ки мақомот мехоҳанд, рӯъёяшон ба воқеият табдил ёбад.

Ҳамчунин пулиси байналмиллалии Интерпол низ баъди дархости чанд созмони байналмилал парвандаи Муҳиддин Кабириро баррасӣ карда, бинобар мавҷуд набудани далели ҳеҷ ҷинояте ӯро аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ хориҷ кард. 

Қаблан Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ гуфта буд парвандаи Муҳиддин Кабириро паси дарҳои баста баррасӣ мекунад. Гуфта мешуд раҳбари Паймони миллӣ бо 16 моддаи ҷиноӣ айбдор мешавад. Аз ҷумла моддаҳои 107 (Одамкуши дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан), 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 199 (Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 313 (Исёни мусаллаҳона) ва ғайра.  

Юсуф Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ 314 нафар аъзои созмони “Бародарони мусалмон” муайян карда шуда, 154 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular